Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > САФАРИ КОРӢ БА ДЕҲОТИ ФАРОБ ВА БОЗДИД АЗ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ...
single-product

САФАРИ КОРӢ БА ДЕҲОТИ ФАРОБ ВА БОЗДИД АЗ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ...

2025-11-12 09:49:10

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент дар доираи нақшаи омодагӣ ба 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дурдастарин минтақаи шаҳр- деҳоти Фароб, барои бунёд ва таъмиру таҷдиди муассисаҳои таълимӣ ва беҳдошти шароити таълим тадбирҳои амалӣ андешида мешавад.
Зимни сафари кории раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода ба ҷамоати деҳот дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 10, ки беш аз ҳазор нафар хонандагонро ба таҳсил фаро мегирад, чор синфхонаи иловагӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Гуфта шуд, ки ин синфхонаҳо бо саҳмгузории соҳибкорон ва волидон сохта шуда, дар онҳо дар ду баст дусад нафар хонандагон таҳсил мекунанд.
Дар идомаи сафари корӣ бо рафти сохтмони бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 54, ки бо маблағгузории оилаи Ҳамроқуловҳо- соҳибкорони муваффақи деҳа, сохта мешавад, шинос гардида, ба ин иқдом баҳои баланд дода шуд. Бино тибқи лоиҳа аз се ошёна, 14 синфхона, толори маҷлис, кабинети компутерӣ ва утоқҳои маъмурӣ иборат буда, барои 700 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Дар маҳаллаи Олимободи деҳаи Фароб низ бунёди чор синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 87 бо саҳмгузории сокинон идома дорад.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани ин биною синфхонаҳои иловагӣ шароити таълим барои 900 нафар хонанда беҳтар карда мешавад.