Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

single-product

ИФТИТОҲИ ПУЛ ВА НОНВОЙХОНА

2025-11-12 09:51:18

Дар деҳаи Фароби деҳоти Фароби шаҳри Панҷакент дар заминаи нақшаи омодагиҳо ба 35-умин солгарди истиқлоли давлатии кишвар боз ду иншоот ба истифода дода шуд.
Дар ҷараёни сафари корӣ ба деҳоти Фароб бо иштироки раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода дар мавзеъи Рӯйи дарёи деҳа ду пул- барои нақлиёт ва пиёдагузар, ки бо харҷи 120 ҳазор сомонӣ аз ҷониби сокини деҳа Абдураҳим Гургиев ва фарзандонаш сохта шудааст, мавриди истифода қарор дода шуд.
Ҳамчунин дар ин рӯз дар маркази деҳа нонвойхонаи соҳибкор Олим Ҳамроқулов ба кор шурӯъ намуд.
Раиси шаҳр дар маросими ифтитоҳи ин иншоотҳо дар сӯҳбат бо сокинони деҳа бо ҷонибдорӣ аз ин иқдомҳои ободкорӣ онҳоро ба идомаи корҳои ободонии деҳа, омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ даъват намуд.