Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > СӮХТОР ДАР БОЗОРИ “ГУЛИСТОН”-И ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ
single-product

СӮХТОР ДАР БОЗОРИ “ГУЛИСТОН”-И ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ

2025-11-13 11:39:42

Шаби санаи 12 ноябри соли 2025, тақрибан соати 22-ю 30 дақиқа дар бозори “Гулистон”-и Ҷамъияти матлуботи шаҳри Панҷакент, воқеъ дар хиёбони Рӯдакии шаҳр, ки дар он либосу пойафзол ва матоъу дигар мавод фурӯхта мешавад, сӯхтор сар зад.
Тавре дар қисми мустақили № 35-уми ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонии Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғд оид ба муҳофизати шаҳри Панҷакент иттилоъ доданд, сӯхтор дар муддати кӯтоҳ масофаи 792 метри мураббаъро фаро гирифт.
Барои хомӯш кардани сӯхтор ва пешгирии паҳн шудани он 11 нақлиёти оташнишонӣ ва обкашонӣ, кормандони хадамоти оташнишонӣ сафарбар шуда, он соати 00,10 дақиқа иҳота карда, соати 02-ю 30 дақиқа хомӯш карда шуд.
Санҷиши авалия нишон дод, ки аз сӯхтор 280 нуқтаи савдои дохили бозор ва 20 мағозаи шафати он зиёни ҷиддӣ дида, комилан сӯхтаанд.
Дар ҷараёни хомӯш кардани сӯхтор ба маблағи тақрибан 27 миллион сомонӣ молу амволи дӯконҳои бозор ва манзилҳои истиқоматии шафати он аз сӯхтор эмин дошта шуд.
Ҳоло дар ҷойи ҳодиса ҳайати кории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, прокуратура, хадамоти оташнишонӣ ва шуъбаи Вазорати корҳои дохила дар шаҳри Панҷакент қарор дошта, сабабу омилҳои сар задани сӯхтор ва ҳаҷми зиёни расида муайян карда мешавад.