Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > БОЗДИД АЗ РАФТИ БУНЁДИ ИНФРАСОХТОРИ КОРГОҲИ КОРКАРДИ МАЪДАНИ СУРМА
single-product

БОЗДИД АЗ РАФТИ БУНЁДИ ИНФРАСОХТОРИ КОРГОҲИ КОРКАРДИ МАЪДАНИ СУРМА

2025-11-13 14:00:15

Дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакент дар доираи нақшаи амалӣ намудани ҳадафҳои Солҳои рушди саноат эълон намудани солҳои 2022-2026 дар заминаи захираҳои азими кашфшудаи маъдани сурма бо маблағгузории ҶДММ “Канзи диёр” ва ҷалби шарикони рушд коргоҳи коркард ва ғанигардонӣ бунёд карда мешавад.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода дар сафари корӣ ба деҳоти Мо-иён бо рафти бунёди инфрасохтори коргоҳи ояндаи саноати кӯҳӣ, аз ҷумла хобгоҳ барои коргарон, шинос шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки аз деҳаи Оби борик то мавзеъи Эҷам ба масофаи 14 километр роҳ кушода, қумпӯш карда шудааст. Ҳамчунин сохтмони ду шаҳрак барои кормандони муҳандисӣ- техникӣ ва коргарони коргоҳи оянда, ки дорои 300 ҷой мебошад, бо истифода аз масолеҳи ҳозиразамони бинокорӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, дар онҳо барои будубоши коргарон ҳамаи шароити зарурӣ муҳайё карда мешавад.
Баробари ин ҳоло бозбинии захираҳои маъдани сурма, ки солҳои қаблӣ геологҳо кашф карда будаанд, аз ҷониби мутахассисони ватанӣ ва шарикони рушд идома дорад.
Баъди ба истифода додани ин коргоҳ дар он дар навбати аввал ташкили беш аз ҳазор ҷойи кории нав барои мутахассисон ва коргарон дар назар дошта шудааст.