
БАРРАСИИ РАФТИ ОМОДАГӢ БА ОҒОЗИ СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ ВА ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
2025-08-30 13:46:12
Рафти омодагӣ ба оғози соли нави таҳсил, таҷлили 34-умин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омода намудани ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ дар даъвати тирамоҳӣ ва дигар масъалаҳои муҳими рӯз имрӯз дар маҷлиси назоратии назди раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зимни шунидани гузориши муовини якуми раиси шаҳр ва дигар муовинони сарпарасти соҳаҳо таваҷҷӯҳи масъулин ба омодагии ҷиддӣ ба оғози соли нави таҳсил, иҷрои вазифаҳое, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ташриф ба шаҳри Панҷакент ва мулоқот бо фаъолони шаҳр дар соҳаи маориф гузоштанд ва дар суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон имрӯз баён доштанд, дар соли нави таҳсил ҷалб карда шуд.
Ҳамчунин ба масъулин ҷиҳати омодагии ҷиддӣ ба таҷлили 34- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ин муносибат таҳия намудани барномаи ҷолиб, ташкили ҳашарҳо барои тозаю озода намудани роҳу кӯчаҳо, саҳни биноҳои ҷамъиятӣ, насби шиору овезаҳо, парчамҳои давлатӣ дастур дода шуд.
Дар ҷаласа таъкид шуд, ки корҳои тарғиботӣ ва ташкилӣ барои омода намудани ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ, иҷрои пеш аз мӯҳлати нақшаи даъвати тирамоҳӣ идома дода шавад.
Дар маҷлиси назоратӣ пешниҳодҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар масъалаҳои муҳими рӯз низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.