Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Хабарҳо

2025-09-15 13:28:52

ИФТИТОҲИ БИНОИ БАЛАНДОШЁНАИ ИСТИҚОМАТӢ ВА МАРКАЗИ САВДОЮ ХИДМАТРАСОНӢ

Дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Панҷакент боз як бинои хуштарҳи баландошёнаи истиқоматӣ бо маркази савдою хидматрасонӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Бино аз 11 қабат иборат буда, онро ширкати сохтмонии “Сабрсохтмон”-и соҳибкор, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Нуъмон Шафиев бунёд карда, аз 67 ҳуҷраи ду, се ва чорхонагӣ иборат буда, дар ду қабати аввали он нуқтаҳои савдо ва хидматрасонӣ ҷойгир шудаанд.
Дар бахши бонки тиҷоратии “Ҳумобонк”, маркази тафреҳи кӯдакон, мағозаҳои хурокворӣ ва молҳои саноатӣ, ки дар ду ошёнаи аввали бино ва таҳхонаи он ҷойгир шудаанд, наздик ба 100 нафар кор мекунанд, ки аз он 45 ҷойи кории нав мебошад.
Бино бо лифт, хати об ва дигар инфрасохтори меъёрӣ барои биноҳои баландошёна муҷаҳҳаз гардонида, саҳн ва роҳи пиёдагарди назди он сафолакпӯш карда шудааст.
Дар маҷмӯъ, ҳоло дар шаҳр бунёди беш аз чил бинои истиқоматии баландошёна бо марказҳои тиҷорату хидматрасонӣ идома дошта, то ҷашни 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз панҷоҳ фоизи онҳо ба истифода дода мешавад.

2025-09-15 13:26:47

ПОСЕШЕНИЕ РУССКОГО ТУРИСТА В БОЛЬНИЦЕ

Как ранее сообщали 8-го сентября 2025 года, турист из Российской Федерации, житель города Екатеринбург Телицин Антон Вениаминович во время похода в пик Чимтарга находивший в Фанских гор на территории города Пенджикента Согдийской области сломал ногу.
По поручению городской администрации группа спасателей городского отдела Комитета по черезвычайним ситуациям и гражданской обороны выехали на место происшествия и доставили туриста в больницу города.
Председатель города Абдухалик Халикзода посетил его в больнице и пожалел скорейшего выздоровления.
Турист, его жена и сын которые прилетели из Екатеринбурга, выразили благодарность администрации города, спасателям и врачам за оказанную помощ при доставлении в больницу и лечение.
A RUSSIAN TOURIST VISITS HOSPITAL
As we reported, a tourist from the Russian Federation fell down from a heigh rock while traveling in the Chimtarga area, broke his leg, and was seriously injured.
On the instructions of the local executive authorities of the city, (municipality of city) a rapid rescue team of the Department of the Committee for Emergency Situations and Defense of the Sughd region was deployed to the scene and transported him to the central hospital of Panjakent city.
The mayor of the city, Abdukholiq Kholikzoda has visited and inquired about the condition of the injured tourist, a citizen of the Russian Federation, a resident of Yekaterinburg city, Sverdlovsk region, Telitsyn Anton Veniaminovich.
The Russian tourist, his wife and son, who came to visit him, expressed their gratitude for the attention of the city authorities, the care of doctors, and the provision of favorable conditions for treatment.
The doctors assessed the condition of the Russian tourist as satisfactory.

2025-09-14 12:12:43

МУЛОҚОТ БО ТОКПАРВАРУ БОҒБОНИ ВАРЗИДА

Сокини деҳаи Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент Абдурауф Зиёев солиёни зиёд дар корхонаю муассисаҳои шаҳр вазифаи муҳосибро ба ӯҳда дошт. Баробари ин чун деҳқонзодаи асил ба боғдорию токпарварӣ таваҷҷӯҳ зоҳир мекард ва дар замини назди ҳавлиаш навъҳои гуногуни дарахтони меваю ангур парвариш менамуд.
Таҷдиди сохтори кишоварзӣ имкон фароҳам овард, ки дар мавзеъи Мушхона, ҳоло Навбаҳор, бо фарзандонаш ду хоҷагии деҳқонӣ- "Себзор" ва "Бозори Зиё"- ро ташкил намуда, ба бунёди боғу ток пардозад.
Бо ин мақсад даҳ сол қабл бо маслиҳат ва даъвати токпарварони шаҳри Турсунзода, ки дар бунёди токзори хавозавӣ собиқаи зиёд доранд, дар 20 ҳисса замин токзори хавозавӣ бунёд намуд. Ҳамчунин дар 8,5 гектар замини лалмӣ об бароварда, боғ бунёд кард.
Дар хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳар қитъа замин босамар истифода мекунанд ва имсол ҳосил картошкаи барвақтӣ, сабзавот ва зироати хуроки чорво низ фаровон аст.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода бо ин боғбону токпарвари варзида, мулоқот намуд ва таҷрибаи ӯ дар бунёди боғу ток арзандаи тарғибу пайравӣ дониста шуд.
Дар токзори хавозавии Абдурауф Зиёев дувоздаҳ навъи ангур, аз ҷумла тоифӣ, чандин навъи ҳусайнӣ ва кишмиш, ҷавз ва ғайра парвариш мешавад ва имсол аллакай беш аз 10 тонна ҳосили онро ба бозор баровардааст.Бист тонна ҳосили себи хушсифати боғи навбунёдашро харидорон бевосита аз дарахт чида гирифтанд.
Ҳоло низ боғу токзор серҳосил аст ва он ҳамарӯза ба бозор бароварда мешавад.
Рӯи ҳавлиаш низ бо завқи баланд хавозаи ток кашида шудааст ва он ҳамасола ҳосили фаровон медиҳад. Дар боғи назди ҳавлиаш навъҳои гуногуни себ, нок, анҷир, шафтолу низ парвариш менамояд ва дастархонаш бо ҳама намуди маҳсулоти кишоварзӣ таъмин аст.
Гуфта шуд, ки бо истифода аз таҷрибаи ин боғбону токпарвари варзида, дар ҳама минтақаҳои шаҳр парвариши ангурро аз тариқи хавоза ва дарахтони меваро ба роҳ мондан мумкин аст.
Абдурауф Зиёев омодааст таҷрибаи ғаниашро ба дигар кишоварзон омӯзонад.

2025-09-13 11:15:01

ОҒОЗИ БУНЁДИ КӮДАКИСТОНИ ДОРОИ 200 ҶОЙ ДАР ДЕҲАИ ЧОРБОҒ

Дирӯз дар маҳаллаи нави деҳаи Чорбоғи Ҷамоати деҳоти Косатароши шаҳри Панҷакент бо иштироки раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода барои бунёди кӯдакистони дорои 200 ҷой санги асос гузошта, корҳои сохтмонӣ шурӯъ карда шуд.
Кӯдакистон дар ҳудуди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 81 ҷойгир буда, тибқи лоиҳа аз таҳхона ва се қабат иборат аст ва барои фарогирии 200 нафар кӯдак пешбинӣ шудааст.
Он бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва соҳибкорону сокинони деҳа сохта мешавад.
Бо гузоштани санги асос бо ҷалби се техникаи махсус ба кандани ҷои таҳхонаи бинои кӯдакистон шурӯъ карда шуд.
Сохтмони кӯдакистони нав зери назорати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр идома ёфта, то ҷашни 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода хоҳад шуд.

2025-09-11 17:41:08

ИФТИТОҲИ МАҶМААИ ТИҶОРАТ ВА ФАРОҒАТ БО 15 ҶОЙИ КОР..

Дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Панҷакент, канори шоҳроҳ маҷмааи тиҷорат ва фароғат имрӯз нахустин мизоҷону харидоронро пазироӣ намуд.
Тавре зимни ифтитоҳи он ба раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода гуфта шуд, ин маҷмаа аз ду қисмат иборат буда, бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр аз ҷониби соҳибкорон Эраҷ Ниёзов ва Хушбахт Бобомуродов бо харҷи 900 ҳазор сомонӣ дар масоҳати беш аз 1300 метри мураббаъ бунёд шудааст.
Дар маҷмаъа ба харидорон якчанд намуди яхмос, қаҳва, шириниҳои гуногун ва молҳои саноатӣ, аз ҷумла маҳсулоти ширию гӯштӣ, гулмоҳии зинда, камераҳои назоратӣ, батареяҳои офтобӣ, пойафзолу либоси занона пешкаш карда мешавад.
Саҳни маҷмаа сафолакпӯш шуда, бо фаввора, дарахтони ороишии ҳамешасабз, гулҳои гуногун ороиш ёфта, он ҷо барои истироҳати мизоҷон мизу курсиҳои зебо низ гузошта шудааст.
Дар паҳлӯи ин маҷмаа, дар таҳхонаи бинои чорқабатаи истиқоматӣ соҳибкор ва ҳунарманд Мавзуна Абдураҳмонова толори арӯсӣ ва ороиши занон ташкил намудааст.

2025-09-10 18:17:57

ИФТИТОҲИ ТОЛОРИ ВАРЗИШӢ, ПУЛ ВА БОЗДИД АЗ РАФТИ ТАҶДИДИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ

Дар ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент арафаи ҷашни 34- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода ва сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Бахтиёр Исматзода толори нави варзиш ва пул мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар деҳаи Зери ҳисор зимни ифтитоҳи толори варзиш, ки бо маблағгузории соҳибкор Ислом Имомов сохта шудааст, ба ин иқдоми ӯ баҳои баланд дода, сокинони деҳа бо ҷашни 34- солагии истиқлоли давлатӣ муборакбод карда шуданд.
Соҳибкори номбурда ҳамчунин дар деҳаи Марғедар маркази хидматрасониро, ки дорои сардхона, толори маъракаҳо ва нуқтаҳои тиҷоратӣ аст, бунёд мекунад.
Дар ин сафари корӣ ҳамчунин бо рафти бунёди толори варзишӣ ва осорхонаи шоир Мастон Шералӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52-и деҳаи Зери Ҳисор шинос шуда, барои дар мӯҳлати кӯтоҳ анҷом додани корҳо дастур дода шуд.
Дар деҳаи Нигнот пули нав ва соҳилмустаҳкамкунӣ, ки бо харҷи 250 ҳазор сомонӣ аз ҷониби Шариф Шарифов ва писаронаш бунёд шудааст, ба истифода дода шуд. Сокинони деҳа ҷашни 34-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо тантана таҷлил намуданд.
Раиси шаҳр зимни табрики сокинони деҳа иқдоми онҳоро ҷиҳати ободу зебо намудани маҳалли зист, бунёди пул, мумфарш намудани кӯчаҳо шоиста арзёбӣ намуд.
Даъват карда шуд, ки корҳои ободониро идома дода, дар бунёди маркази саломатӣ ва бинои нави муассисаи таълимии деҳа низ саҳм гузошта, ба таълиму тарбияи фарзандон эътибори ҷиддӣ диҳанд.

2025-09-10 18:09:01

ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ ҲАФТ КИЛОМЕТР РОҲ ДАР ДЕҲОТИ САРАЗМ

Имрӯз дар деҳоти Саразми шаҳри Панҷакент мумфарш намудани қитъаи роҳи Чиларча – Бостондеҳ бо иштироки раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода, собицадорон ва фаъолони деҳаи Чиларча оғоз шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки ин қитъаи роҳи 7,3 километра бо харҷи 3,5 миллион сомонӣ саҳмгузории сокинони деҳаҳои Чиларча, Томирис, Кӯҳдоман, Осиётеппа, Абдусамад, Ҳавзаки боло ва Камари боло бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр аз ҷониби роҳсозони ширкати “Азимиён” ва муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳр мумфарш карда мешавад.
Барои дар мӯҳлати кӯтоҳ анҷом додани ин кор техникаю таҷҳизоти зарурӣ ҷалб шуда, фарши роҳ тибқи қоидаҳои роҳсозӣ тахту ҳамвор ва ба мумфаршкунӣ омода карда шудааст.
Ба масъулин ҷиҳати риояи қатъии қоидаҳои роҳсозӣ, ки ба истифодаи тӯлонии он кафодат медиҳад, дастур дода шуд.

2025-09-10 18:06:09

ДАР ДЕҲОТИ МОҒИЁН 16 КИЛОМЕТР РОҲИ НАВ БУНЁД ВА 12 ПУЛ СОХТА ШУДААСТ

Дар деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакент дар доираи нақшаи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 пул сохта, 16 километр роҳҳои маҳаллӣ мумфарш карда шудааст.
Тавре дар маросими ифтитоҳи боз як пули нав дар арафаи ҷашни 34- солагии истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Сор ба раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода иттилоъ дода шуд, ин пул бо дарозии 6 ба 4 метр бо харҷи 68 ҳазор сомонӣ аз ҷониби Бахтиёр Адҳамов бо иштироки сокинони деҳа сохта шудааст.
Дар деҳаи Пуштакӯҳ бошад, бо ташаббусу маблағгузории Ҳамза Аъзамов ва ҷалби сокинон 400 метр роҳи байни деҳа бетонпӯш карда шудааст.
Ҳоло бошад сокинони маҳаллаи нави деҳаи Ғезани поён ба ду километр роҳи байни деҳа қум кашидаанд ва барои мумфарш намудани он омодагӣ мегиранд. То охири сол ҳамчунин чор километр роҳу кӯчаҳои деҳаи Сор барои мумфарш намудан омода карда мешавад.
Тавре шарҳ дода шуд, бунёди пулҳо ва мумфарш намудани роҳу кӯчаҳои деҳаҳо бо ташаббуси фаъолон ва саҳмгузории ҷавонон, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, амалӣ карда шудааст.
Танҳо соли равон бо саҳмгузории ҶДММ “Канзи диёр”, ки дар ҳудуди деҳоти Моғиён бунёди коргоҳи коркарди маъдани сурмаро оғоз кардааст ва сокинон деҳаҳо 16 километр роҳ қумпӯш карда шудааст.

2025-09-09 13:37:52

МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Дар Кохи фарҳанги ба номи Олим Бобоеви шаҳри Панҷакент бахшида ба 34-юмин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор шуд.
Иштирокчиёни ҷаласаи тантанавӣ дар саҳни Кохи фарҳанг бо намунаи маҳсули дастранҷи кишоварзон , ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ, растаҳои кормандони маорифу тиб ва дигар соҳаҳо шинос шуданд.
Ҳозирин ва сокинони шаҳрро намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурӣ Қобилҷон Хушвақтзода аз номи Ҳукумати мамлакат ба ифтихори 34- солагии истиқлоли давлатӣ шодбош гуфта, муовини аввали раиси вилояти Суғд, Суҳайлӣ Қурбонзода паёми табрикии муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаб Аҳмадзодаро ироа намуд ва раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода дар бораи дастовардҳо ва дигаргуниҳои азиме, ки дар даврони истиқлол дар шаҳр ба вуқӯъ пайвастанд, сухан кард.
Таъкид шуд, ки истиқлоли давлатӣ барои мардуми кишвари мо гиромитарину боарзиштарин рӯйдоди таърихӣ буда, ба баракати он кишвари мо таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи устувор пайдо кард ва сиёсати пайгиронаи дохилӣ ва хориҷии ҳадафнокашро бо назардошти рушди ҳазораи нав ба роҳ монд.
Муҳимтар аз ҳама давлати соҳибистиқлоли мо Конститутсияи худро аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд ва низоми бунёди ҷомеаи озод, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро мақсаду ҳадафи бебозгашт қарор дод.
Гуфта шуд, ки дар даврони истиқлол шаҳри Панҷакент низ чун дигари манотиқи мамлакат ҳамаҷониба рушд карда, дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дигаргуниҳои куллӣ ба вуқӯъ пайвастанд ва раванди бунёдкорию созандагӣ бомаром идома меёбад.
Сокинони шукргузору меҳнатқарини шаҳр ин ҷашни бузургро бо дастовезҳои арзанда, мавриди истифода қарор додани иншооти таъиноти гуногун таҷлил намуда, барои идомаи раванди созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи 35-умин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистон заҳмат мекашанд.
Дар фарҷоми ҷаласаи тантанавӣ ба ҳозирин барномаи ҷолиб, ки аз суруду рақсҳои тараннумгари озодиву истиқлол, ваҳдату якдилӣ ва сулҳу суботи ҷомеа буданд, пешкаш карда шуд.
Дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳот, корхонаю муассисаҳои шаҳр бахшида ба 34- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоишу ҷамъомадҳои тантанавӣ ва дигар чорабиниҳо баргузор шуданд.

2025-09-07 17:00:31

ШИНОСОӢ БО РАФТИ СОХТМОНИ МУАССИСАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА КОРҲОИ СОҲИЛБАНДӢ

Бо дастгирӣ ва маблағгузории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент дар доираи нақшаи омодагиҳо ба 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони бинои нави беморхонаи кӯдакони шаҳр идома дорад.
Тавре дар ҷараёни боздиди раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз рафти бунёди ин иншооти муҳими соҳаи тандурустӣ иттилоъ дода шуд, он аз таҳхона ва панҷ қабат иборат буда, дорои 200 кат мебошад ва барои табобати кӯдакон муҳайё намудани ҳамаи шароити зарурӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳоло бинокорони ширкати сохтмонии “СУ-3” ба бетонрезии девори таҳхонаи бино машғул буда, барои идомаи сохтмон қувваи қобили меҳнат, техникаю таҷҳизот ва масолеҳи сохтмон сафарбар карда шудааст.
Дар ин сафар ҳамчунин бо рафти сохтмон ва таҷдиди қисмати нотамоми бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 31-и деҳаи Озодагон шинос шуда, ба бинокорон барои тезонидани суръати сохтмон дастур дода шуд. Ин бино низ бо маблағгузории буҷети шаҳр таҷдид карда мешавад.
Зимни шиносоӣ бо корҳои соҳилбандии дарёи Зарафшон дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Хурмӣ ва хоҷагии ҷангал дастур дода шуд, ки ин корҳо аз ҳоло то мавсими нави серобии дарё идома дода, ба он соҳибкорон, имкониятҳои хоҷагии ҷангал, хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки дар заминҳои соҳилӣ кишту кор менамоянд, ҷалб карда шаванд.

2025-09-07 10:57:48

БОЗДИД АЗ РАФТИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ШОЛӢ

Имсол кишоварзони шаҳри Панҷакент дар майдони 2706 гектар замин, ки асосан дар ду соҳили дарёи Зарафшон воқеъ аст, шолӣ кишт намуда буданд ва ҳоло ҷамъоварии он дар аксари қитъаҳо оғоз шуда, рӯз ба рӯз вусъат меёбад.
Дар кооперативи тиҷоратии тухмипарварии ба номи Шамсӣ Назарови Ҷамоати деҳоти Хурмӣ зимни боздиди раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз рафти ҷамъоварии ҳосили шолӣ гуфта шуд, ки онҳо имсол дар майдони 73 гектар навъҳои девзира, “Панҷруд”, “ “Саразм”, “Марҷон”, “Нуқус”, “Регар” ва ғайраро,ки ба иқлими ин ҷо мувофиқ аст, кишт намуда, ҳосили хуб рӯёнидаанд.
Баробари ҷамъоварии ҳосил, кӯфтани шолӣ низ дар хирманҷойҳо идома дошта, деҳқонон аз рӯёнидани ҳосили фаровон изҳори қаноатмандӣ мекунанд. Як қисми шолии рӯёнидаи онҳо ҳамчун тухмӣ ба дигар хоҷагиҳои деҳқонии шаҳр фурӯхта мешавад.
Деҳқонони Ҷамоати деҳоти Хурмӣ дар рӯёнидани ҳосили фаровони шолӣ таҷрибаи ғанӣ андӯхтаанд ва ҷамъоварии ҳосили ин зироати пурқимати ғизоӣ ҳоло дар наздик ба 300 гектар заминҳои соҳили Зарафшон идома дорад.

2025-09-02 15:39:09

ДАР ДЕҲАИ ХУШДАРАИ ДЕҲОТИ ШИНГ БИНОИ МУАССИСАИ НАВИ ТАЪЛИМӢ БА ИСТИФОДА ДОДА МЕШАВАД

Дар деҳаи навбунёди Хушдараи Ҷамоати деҳоти Шинги шаҳри Панҷакент хонандагон дар рӯзи ҷашни 34-умин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои нав таҳсилро оғоз мекунанд.
Тавре зимни боздиди раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода гуфта шуд, ҳоло корҳои охирини омода намудани саҳну атрофи бино аз ҷониби пудратчӣ- ширкати бинокории “СУ-“3” идома дошта, он дар арафаи ҷашни истиқлол анҷом дода мешавад.
Бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 124 иборат аз 10 синфхонаи барҳаво ва хонаи омӯзгорон буда, дар он дар ду баст то 600 нафар ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Он бо маблағгузорӣ аз буҷети вилояти Суғд ва дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр сохта шудааст.
Дар назди бино дегхонаи буғӣ низ сохта шудааст ва аз тариқи он фасли сармо синфхонаҳо гарм карда мешаванд.
Дар ин сафари корӣ ҳамчунин аз рафти омода намудани бинои кӯдакистон дар деҳаи Боғча, ки дар бинои собиқ муассисаи таълимӣ ташкил шудааст, дидан намуда, барои дар мӯҳлати кӯтоҳ анҷом додани корҳо ба масъулин дастур дода шуд.

2025-09-02 15:35:56

ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ВА СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ 550 ХОНАНДА ДАР ДУ БАСТ

Беш аз 175 нафар хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №81-и деҳаи Чорбоғи деҳоти Косатароши шаҳри Панҷакент имрӯз соли нави таҳсилро дар синфхонаҳои барҳавои бинои иловагии таълимӣ оғоз намуданд.
Бинои нав аз 7 синфхона иборат буда, дар ду баст 350 нафар хонандагонро ба таҳсил фаро мегирад ва бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва саҳмгузории соҳибкорону сокинони деҳа сохта шудааст.
Дар маросими ифтитоҳи бинои нав раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода ва сардори Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар вилоят Акмал Оқилзода иштирок намуданд.
Ба ташаббускорон ва саҳмгузорони бунёди бинои нав сипосгузорӣ карда шуд ва омӯзгорон барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани таълиму тарбияи насли наврас даъват шуданд.
Дар сӯҳбат бо фаъолони деҳа ва омӯзгорон масъалаи бунёди кӯдакистон дар деҳа ба миён гузошта шуд.
Дар ин рӯз ҳамчунин дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №68-и деҳаи Соҳили деҳоти Сӯҷина чор синфхонаи иловагӣ бо фарогирии 200 нафар дар ду баст ба истифода дода шуд.

2025-09-02 15:33:28

ДАР ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ БИНОИ МАЪМУРИИ РАЁСАТИ АГЕНТИИ СУҒУРТАИ ИҶТИМОӢ ВА НАФАҚА СОХТА МЕШАВАД

Дар қисмати ғарбии шаҳри Панҷакент, дар оғози хиёбони Рӯдакӣ бо маблағгузории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр бинои маъмурии Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар шаҳри Панҷакент сохта мешавад.
Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурӣ Абдураҳмон Ҳалимзод ва раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода бо рафти сохтмони он шинос шуданд. Ба пудратчӣ- ширкати бинокории “Сохтмон”, барои тезонидани суръати сохтмон, риояи қатъии тарҳи меъморӣ, сифати корҳо ва дар муҳлати пешбинишуда ба истифода додани он дастур дода шуд.
Гуфта шуд, ки рафти сохтмони бино зери назорати ҳамарӯзаи роҳбарияти Агентӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр қарор дода мешавад.
Бино аз чор қабат ва таҳхона иборат буда, дар он барои фаъолияти кормандон ҳамаи шароити зарурӣ пешбинӣ шудааст.

2025-09-01 17:25:53

ДАР БОСТОНДЕҲ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМГОҲ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

Дарси сулҳ имрӯз дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 121-и деҳаи Бостондеҳи ҷамоати деҳоти Саразми шаҳри Панҷакент дар бинои нав баргузор шуд. Дар маросими ифтитоҳи бинои иловагии таълимгоҳ, ки аз ду қабат ва шаш синфхонаи барҳаво иборат аст, раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд – сардори Раёсати Агентии назорати маориф дар вилояти Суғд Акмал Оқилзода иштирок намуданд. Дар ҷамъомади омӯзгорону хонандагон ва фаъолони деҳа, ки ба ин муносибат баргузор шуд, онҳо бо оғози соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш муборакбод гуфта, барои саҳмгузорӣ дар бунёди бинои нави иловагии таълимгоҳ изҳори сипос карда шуд. Бо мавриди истифода қарор додани бинои нав, ки дар ду баст 300 нафар таълим мегиранд, мушкилоти норасоии ҷойи нишаст дар таълимгоҳ ҳалли худро ёфтааст. Дар маҷмӯъ дар таълимгоҳи мазкур 610 нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта, ба онҳо 40 нафар омӯзгорон таълим медиҳанд. Ба хонандагони таълимгоҳ тӯҳфаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр- ду адад компутер, тақдим карда шуд.

2025-09-01 16:08:56

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ДОНИШ

Имрӯз- 1 сентябр дар саросари мамлакат, аз ҷумла шаҳри Панҷакент, дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ Рӯзи дониш- оғози соли нави таҳсил, бо баргузории ҷамъомад ва дарси сулҳ ботантана таҷлил карда шуд.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода ба намояндагӣ аз Ҳукумати мамлакат ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар вилоят Акмал Оқилзода дар ҳамоиши устодону донишҷӯёни Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент иштирок намуда, бо намоиши дастовардҳои донишкада шинос шуда, онҳоро бо оғози соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш табрик гуфтанд.
Дар паёми шодбошии муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода, ки намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ироа намуд ва суханронии раиси шаҳр, аз ҷумла гуфта шуд, ки маориф дар сиёсати Ҳукумати кишвар мақоми меҳварӣ дорад. Ин дар суханрониии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бори дигар таъкид шуда, вазифаҳо дар соҳаи маориф- аз таҳсилоти томактабӣ сар карда, то таҳсилоти олӣ, мушаххас баён шуда, барои ҳалли онҳо ҳамаи ниҳодҳои марбутаи давлатӣ ва ҷамъиятӣ муваззаф карда шудаанд.
Гуфта шуд, ки ҳоло 60 фоизи қисми хароҷоти буҷети шаҳр ба соҳаи маориф равона шуда, зимни ташрифи Пешвои муаззами миллат ба шаҳри Панҷакент рӯзи 11 июли соли равон ду бинои нави таълимгоҳ, синфхонаҳои иловагӣ ва ду массисаи томактабии нав мавриди истифода қарор гирифт.
Дар маҷмӯъ, дар шаҳри Панҷакент бо сармоягузорӣ аз манбаъҳои гуногун давоми 34 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон 81 иншооти соҳаи маориф ба истифода дода, ин раванд пайваста идома дода мешавад.
Ёдрас карда шуд, ки муҳимтарин ниёзи таҳсилот ва таълиму тарбия дар шароити муосир ҳузури омӯзгори дорои касбияти олӣ, таҷрибаю қобилияти кории ҷавобгӯ ба замони муосир ба шумор меравад ва дар ин ҷода дастпарварони Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, ки ҳамсоли истиқлоли давлатии кишвар аст, нақши арзанда мегузоранд ва ҳоло боз 2538 омӯгорони оянда ин ҷо таҳсил менамоянд.
Таъкид шуд, ки дар шароити рушди босуръати илм, техникаву технология ва хусусан зеҳни сунъӣ, аҳамияти донишандӯзӣ бештар мегардад ва ин бояд дар маркази таваҷҷӯҳи устодону донишҷӯён қарор гирад.
Дар фарҷоми ҷамъомад ба як гурӯҳ устодони донишкада нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” ва ифтихорномаю сипоснома тақдим карда шуд.
Дар ҳамаи коллеҷу литсей ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр омӯзгорону хонандагонро бо оғози соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш табрик намуданд.

2025-08-30 13:50:47

БОЗДИД АЗ РАФТИ БУНЁДИ ТОЛОРИ ВАРЗИШ ВА ОСОРХОНА ДАР НАЗДИ ТАЪЛИМГОҲ..

Соли равон ба зодрӯзи шоири номвару соҳибистеъдоди тоҷик Мастон Шералӣ 90-сол пур мешавад.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент дар доираи ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба арҷгузорӣ ба фарзандони шоистаи миллат ба ин муносибат иҷрои маҷмӯи чорабиниҳоро, аз қабили нашри осори адиб, баргузории нишасту конфронсҳо ва таъмиру таҷдиди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52-и деҳаи Зери Ҳисорро, ки номи шоирро дорад, бунёди толори варзиш ва хона- музеи шоирро дар назди таълимгоҳ ба нақша гирифтааст ва онҳо ҳоло дар марҳалаи иҷро қарор доранд.
Зимни боздиди раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз рафти бунёди толори варзиш, хона-музей ва бо тарҳи ҷадид обод намудани саҳни таълимгоҳ ба соҳибкор Абдушафеъ Ҳоҷиев барои маблағгузории ин ободкориҳо изҳори сипос намуда, ба масъулин барои дар мӯҳлати пешбинишуда ва бо сифати хуб анҷом додани ин корҳо дастур дода шуд.

2025-08-30 13:47:57

ТАВАҶҶӮҲИ ҶИДДӢ БА МУРОҶИАТҲОИ ШАҲРВАНДОН

Рӯзи қабули раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода, ки шанбеи ҳар ҳафта доир мешавад, имрӯз бо иштироки муовинони раиси шаҳр, роҳбарони корхонаю муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот баргузор шуд.
Муроҷиату дархости шаҳрвандон ин навбат фарогири масъалаҳои таъминот бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ, ҳалли баҳси замину чарогоҳ, расонидани кӯмаки молиявӣ, мусоидат барои бо ҷойи кор таъмин намудан, табобат, даъвати ҳарбии ҷавонон ва дигар соҳаҳо буд.
Зимни шунидани муроҷиатҳо ба муовинони раиси шаҳр, ниҳодҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони корхонаю муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот барои омӯхтан ва мусоидат ба ҳалли қонунии онҳо дастур дода шуд.
Аз ҷумла, дар ҷараёни қабули шаҳрвандон ба сокини Ҷамоати деҳоти Косатарош, нафари солманди яккаю танҳо, ки аз бемории чашм азият мекашад, кӯмаки пулӣ расонида, барои табобати ӯ дар бемористони маркази вилоят масъулин муваззаф карда шуданд.
Таваҷҷӯҳи раисони ҷамоатҳои деҳот ба ҳалли қонунии арзу шикоят, муроҷиату дархости шаҳрвандони ҳудуди ҷамоати деҳот дар доираи салоҳиятҳояшон ҷалб карда шуд.