
ШИНОСОӢ БО РАФТИ СОХТМОНИ МУАССИСАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА КОРҲОИ СОҲИЛБАНДӢ
2025-09-07 17:00:31
Бо дастгирӣ ва маблағгузории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент дар доираи нақшаи омодагиҳо ба 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони бинои нави беморхонаи кӯдакони шаҳр идома дорад.
Тавре дар ҷараёни боздиди раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз рафти бунёди ин иншооти муҳими соҳаи тандурустӣ иттилоъ дода шуд, он аз таҳхона ва панҷ қабат иборат буда, дорои 200 кат мебошад ва барои табобати кӯдакон муҳайё намудани ҳамаи шароити зарурӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳоло бинокорони ширкати сохтмонии “СУ-3” ба бетонрезии девори таҳхонаи бино машғул буда, барои идомаи сохтмон қувваи қобили меҳнат, техникаю таҷҳизот ва масолеҳи сохтмон сафарбар карда шудааст.
Дар ин сафар ҳамчунин бо рафти сохтмон ва таҷдиди қисмати нотамоми бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 31-и деҳаи Озодагон шинос шуда, ба бинокорон барои тезонидани суръати сохтмон дастур дода шуд. Ин бино низ бо маблағгузории буҷети шаҳр таҷдид карда мешавад.
Зимни шиносоӣ бо корҳои соҳилбандии дарёи Зарафшон дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Хурмӣ ва хоҷагии ҷангал дастур дода шуд, ки ин корҳо аз ҳоло то мавсими нави серобии дарё идома дода, ба он соҳибкорон, имкониятҳои хоҷагии ҷангал, хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки дар заминҳои соҳилӣ кишту кор менамоянд, ҷалб карда шаванд.