Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
single-product

МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

2025-09-09 13:37:52

Дар Кохи фарҳанги ба номи Олим Бобоеви шаҳри Панҷакент бахшида ба 34-юмин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор шуд.
Иштирокчиёни ҷаласаи тантанавӣ дар саҳни Кохи фарҳанг бо намунаи маҳсули дастранҷи кишоварзон , ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ, растаҳои кормандони маорифу тиб ва дигар соҳаҳо шинос шуданд.
Ҳозирин ва сокинони шаҳрро намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурӣ Қобилҷон Хушвақтзода аз номи Ҳукумати мамлакат ба ифтихори 34- солагии истиқлоли давлатӣ шодбош гуфта, муовини аввали раиси вилояти Суғд, Суҳайлӣ Қурбонзода паёми табрикии муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаб Аҳмадзодаро ироа намуд ва раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода дар бораи дастовардҳо ва дигаргуниҳои азиме, ки дар даврони истиқлол дар шаҳр ба вуқӯъ пайвастанд, сухан кард.
Таъкид шуд, ки истиқлоли давлатӣ барои мардуми кишвари мо гиромитарину боарзиштарин рӯйдоди таърихӣ буда, ба баракати он кишвари мо таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи устувор пайдо кард ва сиёсати пайгиронаи дохилӣ ва хориҷии ҳадафнокашро бо назардошти рушди ҳазораи нав ба роҳ монд.
Муҳимтар аз ҳама давлати соҳибистиқлоли мо Конститутсияи худро аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд ва низоми бунёди ҷомеаи озод, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро мақсаду ҳадафи бебозгашт қарор дод.
Гуфта шуд, ки дар даврони истиқлол шаҳри Панҷакент низ чун дигари манотиқи мамлакат ҳамаҷониба рушд карда, дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дигаргуниҳои куллӣ ба вуқӯъ пайвастанд ва раванди бунёдкорию созандагӣ бомаром идома меёбад.
Сокинони шукргузору меҳнатқарини шаҳр ин ҷашни бузургро бо дастовезҳои арзанда, мавриди истифода қарор додани иншооти таъиноти гуногун таҷлил намуда, барои идомаи раванди созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи 35-умин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистон заҳмат мекашанд.
Дар фарҷоми ҷаласаи тантанавӣ ба ҳозирин барномаи ҷолиб, ки аз суруду рақсҳои тараннумгари озодиву истиқлол, ваҳдату якдилӣ ва сулҳу суботи ҷомеа буданд, пешкаш карда шуд.
Дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳот, корхонаю муассисаҳои шаҳр бахшида ба 34- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоишу ҷамъомадҳои тантанавӣ ва дигар чорабиниҳо баргузор шуданд.