
ИФТИТОҲИ ТОЛОРИ ВАРЗИШӢ, ПУЛ ВА БОЗДИД АЗ РАФТИ ТАҶДИДИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ
2025-09-10 18:17:57
Дар ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент арафаи ҷашни 34- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода ва сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Бахтиёр Исматзода толори нави варзиш ва пул мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар деҳаи Зери ҳисор зимни ифтитоҳи толори варзиш, ки бо маблағгузории соҳибкор Ислом Имомов сохта шудааст, ба ин иқдоми ӯ баҳои баланд дода, сокинони деҳа бо ҷашни 34- солагии истиқлоли давлатӣ муборакбод карда шуданд.
Соҳибкори номбурда ҳамчунин дар деҳаи Марғедар маркази хидматрасониро, ки дорои сардхона, толори маъракаҳо ва нуқтаҳои тиҷоратӣ аст, бунёд мекунад.
Дар ин сафари корӣ ҳамчунин бо рафти бунёди толори варзишӣ ва осорхонаи шоир Мастон Шералӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52-и деҳаи Зери Ҳисор шинос шуда, барои дар мӯҳлати кӯтоҳ анҷом додани корҳо дастур дода шуд.
Дар деҳаи Нигнот пули нав ва соҳилмустаҳкамкунӣ, ки бо харҷи 250 ҳазор сомонӣ аз ҷониби Шариф Шарифов ва писаронаш бунёд шудааст, ба истифода дода шуд. Сокинони деҳа ҷашни 34-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо тантана таҷлил намуданд.
Раиси шаҳр зимни табрики сокинони деҳа иқдоми онҳоро ҷиҳати ободу зебо намудани маҳалли зист, бунёди пул, мумфарш намудани кӯчаҳо шоиста арзёбӣ намуд.
Даъват карда шуд, ки корҳои ободониро идома дода, дар бунёди маркази саломатӣ ва бинои нави муассисаи таълимии деҳа низ саҳм гузошта, ба таълиму тарбияи фарзандон эътибори ҷиддӣ диҳанд.