
МУЛОҚОТ БО ТОКПАРВАРУ БОҒБОНИ ВАРЗИДА
2025-09-14 12:12:43
Сокини деҳаи Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент Абдурауф Зиёев солиёни зиёд дар корхонаю муассисаҳои шаҳр вазифаи муҳосибро ба ӯҳда дошт. Баробари ин чун деҳқонзодаи асил ба боғдорию токпарварӣ таваҷҷӯҳ зоҳир мекард ва дар замини назди ҳавлиаш навъҳои гуногуни дарахтони меваю ангур парвариш менамуд.
Таҷдиди сохтори кишоварзӣ имкон фароҳам овард, ки дар мавзеъи Мушхона, ҳоло Навбаҳор, бо фарзандонаш ду хоҷагии деҳқонӣ- "Себзор" ва "Бозори Зиё"- ро ташкил намуда, ба бунёди боғу ток пардозад.
Бо ин мақсад даҳ сол қабл бо маслиҳат ва даъвати токпарварони шаҳри Турсунзода, ки дар бунёди токзори хавозавӣ собиқаи зиёд доранд, дар 20 ҳисса замин токзори хавозавӣ бунёд намуд. Ҳамчунин дар 8,5 гектар замини лалмӣ об бароварда, боғ бунёд кард.
Дар хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳар қитъа замин босамар истифода мекунанд ва имсол ҳосил картошкаи барвақтӣ, сабзавот ва зироати хуроки чорво низ фаровон аст.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода бо ин боғбону токпарвари варзида, мулоқот намуд ва таҷрибаи ӯ дар бунёди боғу ток арзандаи тарғибу пайравӣ дониста шуд.
Дар токзори хавозавии Абдурауф Зиёев дувоздаҳ навъи ангур, аз ҷумла тоифӣ, чандин навъи ҳусайнӣ ва кишмиш, ҷавз ва ғайра парвариш мешавад ва имсол аллакай беш аз 10 тонна ҳосили онро ба бозор баровардааст.Бист тонна ҳосили себи хушсифати боғи навбунёдашро харидорон бевосита аз дарахт чида гирифтанд.
Ҳоло низ боғу токзор серҳосил аст ва он ҳамарӯза ба бозор бароварда мешавад.
Рӯи ҳавлиаш низ бо завқи баланд хавозаи ток кашида шудааст ва он ҳамасола ҳосили фаровон медиҳад. Дар боғи назди ҳавлиаш навъҳои гуногуни себ, нок, анҷир, шафтолу низ парвариш менамояд ва дастархонаш бо ҳама намуди маҳсулоти кишоварзӣ таъмин аст.
Гуфта шуд, ки бо истифода аз таҷрибаи ин боғбону токпарвари варзида, дар ҳама минтақаҳои шаҳр парвариши ангурро аз тариқи хавоза ва дарахтони меваро ба роҳ мондан мумкин аст.
Абдурауф Зиёев омодааст таҷрибаи ғаниашро ба дигар кишоварзон омӯзонад.