
ИФТИТОҲИ БИНОИ БАЛАНДОШЁНАИ ИСТИҚОМАТӢ ВА МАРКАЗИ САВДОЮ ХИДМАТРАСОНӢ
2025-09-15 13:28:52
Бино аз 11 қабат иборат буда, онро ширкати сохтмонии “Сабрсохтмон”-и соҳибкор, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Нуъмон Шафиев бунёд карда, аз 67 ҳуҷраи ду, се ва чорхонагӣ иборат буда, дар ду қабати аввали он нуқтаҳои савдо ва хидматрасонӣ ҷойгир шудаанд.
Дар бахши бонки тиҷоратии “Ҳумобонк”, маркази тафреҳи кӯдакон, мағозаҳои хурокворӣ ва молҳои саноатӣ, ки дар ду ошёнаи аввали бино ва таҳхонаи он ҷойгир шудаанд, наздик ба 100 нафар кор мекунанд, ки аз он 45 ҷойи кории нав мебошад.
Бино бо лифт, хати об ва дигар инфрасохтори меъёрӣ барои биноҳои баландошёна муҷаҳҳаз гардонида, саҳн ва роҳи пиёдагарди назди он сафолакпӯш карда шудааст.
Дар маҷмӯъ, ҳоло дар шаҳр бунёди беш аз чил бинои истиқоматии баландошёна бо марказҳои тиҷорату хидматрасонӣ идома дошта, то ҷашни 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз панҷоҳ фоизи онҳо ба истифода дода мешавад.