Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > БАРРАСИИ РАФТИ ОМОДАГӢ БА ДАЪВАТИ ТИРАМОҲИИ ҶАВОНОН БА ХИДМАТИ ҲАРБӢ
single-product

БАРРАСИИ РАФТИ ОМОДАГӢ БА ДАЪВАТИ ТИРАМОҲИИ ҶАВОНОН БА ХИДМАТИ ҲАРБӢ

2025-09-16 15:05:42

Дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент дар ҳамкорӣ бо шуъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Зарафшон рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2025, № 1070 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” бо иштироки роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳайати комиссияи шаҳрии даъват ба хидмати ҳарбӣ, масъулони ба ин кор вобасташуда, раисони ҷамоатҳои деҳот, маҳаллаҳои шаҳр ва фаъолон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ҷаласа зимни суханронии раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода, сардори шуъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Зарафшон Насриддин Низомзода, прокурори шаҳр, мушовири адлияи дараҷаи 1 Искандар Раҳматзода ва пурсиши масъулон натиҷаҳои ҷамъбасти маъракаҳои гузаштаи даъват ба хидмати ҳарбӣ, рафти иҷрои Фармони Президент дар ҷамоатҳои деҳот ва маҳаллаҳои шаҳр матраҳ шуд.
Таваҷҷӯҳи ҳайати комиссияи шаҳрии даъват ба хидмати ҳарбӣ, комиссияи тиббии он, масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, раисони ҷамоатҳои деҳот ва маҳаллаҳои шаҳр, дигар иштирокчиёни ҷаласа ба шаффофияти фаъолияти комиссияи шаҳрии даъват, тавсеаи корҳои омодагӣ ба даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ, вусъат додани тарғибу ташвиқ дар байни ҷавонон ва волидони даъватшавандагон, пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ ҷалб карда шуд.