Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > КОРРУПСИЯ-ХАТАР БА РУШДИ БОСУБОТИ ҶОМЕА
single-product

КОРРУПСИЯ-ХАТАР БА РУШДИ БОСУБОТИ ҶОМЕА

2025-10-16 12:16:57

Ин маънӣ дар мулоқоти роҳбарияти шуъбаи минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Зарафшон бо кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Панҷакент, ки дар толори Кохи Лоиқ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр баргузор шуд, таъкид гардид.
Гуфта шуд, ки ба таъкиди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешгиии кирдорҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани фазои оштинопазир ба он ва ба ин раванд ҷалб намудани тамоми мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ вазифаи на танҳо субъектҳои мубориза бо коррупсия, балки аҳли ҷомеа мебошад.
Зимни баррасии рафти иҷрои “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” дар муассисаҳои тандурустӣ таваҷҷӯҳи кормандони соҳа ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ, даст назадан ба чунин амалҳо, ки эътимоди мардумро ба адолат, ниҳодхои давлатӣ коҳиш медиҳад, чораҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ дар мариди ошкор шудани чунин амалҳо ҷалб карда шуд.
Аз роҳбарияти беморхонаи марказӣ, сохтори кӯмаки аввалияи тиббӣ- санитарӣ, дигар муассисаҳои тиббӣ талаб карда шуд, ки назоратро ба фаъолияти кормандони тиббӣ пурзӯр намуда, барои пешгирии омилҳо ва амалҳои коррупсионӣ чораҳои қатъӣ андешида шавад.