Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > ҚАБУЛИ МУРОҶИАТҲОИ ШАҲРВАНДОН
single-product

ҚАБУЛИ МУРОҶИАТҲОИ ШАҲРВАНДОН

2025-10-18 10:16:10

Баҳси замин, риояи қоидаҳои бунёди бинои истиқоматӣ, таъмин бо манзил ва замини наздиҳавлигӣ, мусоидат барои дарёфти ҷойи кор, кӯмак барои табобат ва расонидани ёрии молиявӣ аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки дар рӯзи қабули раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода шаҳрвандон ба миён гузоштанд.
Зимни шунидани муроҷиатҳо ба шаҳрвандон роҳҳои ҳалли қонунии онҳо фаҳмонида, ба раисони ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ҷиҳати баррасӣ ва ҳалли онҳо дастур дода шуд.
Таъкид карда шуд, ки ҳамаи муроҷиатҳо ба қайд гирифта, баъди баррасӣ ба шаҳрвандон дар муҳлати муқаррарнамудаи қонун ҷавоб гардонида мешавад.