СӮҲБАТ БО СОҲИБКОРЗАНОН
2025-11-15 19:14:01
Имрӯз раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода як гурӯҳ бонувонро, ки дар бозори “Гулистон”-и Ҷамъияти матлуботи шаҳр ба соҳибкорӣ машғул буданд, ба ҳузур пазируфта, саволу дархост ва муроҷиатҳои онҳо шунида, посух гуфта шуд.
Зимни баррасии муроҷиату дархости онҳо, аз ҷумла, гуфта шуд, ки ҳоло ҳайати кории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, намояндагони сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои муайян намудани сабабу омилҳои сар задани сӯхтор ва ҳаҷми пурраи зиёни расида, имкониятҳои дастгирии соҳибкороне, ки молу амволашонро ба асари он аз даст додаанд, фаъолият карда истодаанд.
Таъкид шуд, ки масъалаҳои вобаста ба бартараф намудани оқибатҳои ин ҳодисаи нохуш, муҳайё намудани шароит барои идомаи фаъолияти соҳибкороне, ки дар ин бозор ба савдо машғул буданд, дар маркази таваҷҷӯҳи ҳамарӯзаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қарор дорад ва бо ин мақсад ситоди доимамалкунанда таъсис шуда, муроҷиатҳои зарардидагон ва бартараф намудани оқибатҳои ин сухтор дар он мавриди баррасӣ қарор мегирад.
Ҳамчунин ба соҳибкорон фаҳмонида шуд, ки ҳоло масъалаи дар мавзеъи дигар ташкил намудани ҷойи муваққатӣ барои соҳибкорони зиёндида, ки мехоҳанд фаъолияташонро идома диҳанд, аз пардохти андоз озод намудани онҳо, ҷуброни зиёни расида, аз ҷумла, ба таъхир гузоштани пардохти қарзҳои бонкӣ, расонидани ёрии молиявӣ дар ҳоли баррасӣ аст.
Аз иштирокдорони сӯҳбат хоҳиш карда шуд, ки дар мавриди сабабу омилҳои ин ҳодисаи нохуш ба ҳар гуна овозаҳои иғвоангез бовар накунанд ва риоя нашудани қоидаҳои пешгирии сӯхтор, ки яке аз сабабҳои ин ҳодисаи нохуш аст, бояд барои ҳама корхонаю муассисаҳо, марказҳои савдою хидматрасонӣ, соҳибкорон, ҳар сокини шаҳр дарси ибрат бошад.