Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОН!
single-product

ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОН!

2025-11-24 11:32:30

Паёми шодбошии
раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамдиёрони гиромӣ ва меҳмонони арҷманди шаҳри Панҷакент.
Ҳамаи шуморо бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, бароятон саодатмандӣ, некномӣ, комёбиву музаффарияҳои беназирро таманно менамоям.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди миллӣ рамзи муқаддаси давлат ва нишонаи соҳибихтиёрии давлату миллат дониста шуда, дар мақоми худ равшангари таърих, сарнавишти миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун ва орзуву ормони мардум маҳсуб меёбад. Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид доштаанд, ки “Парчам аз байни се рукни муқаддаси миллӣ дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии хаклқи тоҷик мақому манзалати хоса дорад”
Ин рамзи давлати навбунёду соҳибихтиёри миллати тоҷик - Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳассоси таърихӣ зимни баргузории 16 - умин ҷаласаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1992 қабул гардида, ифодагари таърихи ғании парчамдорӣ дар масири давлатдории халқи тоҷик маҳсуб мешавад.
Мо имрӯз ифтихор дорем, ки зери ин парчам ва бо раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар даврони истиқлол ба дастовардҳои азим соҳиб шуда, дар баландтарин минбарҳои ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ қатори парчамҳои дигар кишварҳо парчами давлаи мо низ болафшонӣ мекунаду ҷаҳониён ба он арҷ мегузоранд
Имрӯз Парчами давлатии Тоҷикистон дар пойтахти мамлакат дар пояи 165 метр ва дар ҳама шаҳру навоҳии мамлакат , аз ҷумла дар маркази шаҳри Панҷакент дар пояи 55 метр парафшонӣ мекунад ва зери ин ливо мардуми кишвар муттаҳид шуда, тамоми ҷаҳду талошҳои хешро барои вусъати корҳои ободгариву созандагӣ, сабзу хуррамгардонии диёр, иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззамии миллат, Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ташриф ба вилояти Суғд баён доштанд, равона мекунанд ва ҷашни фархундаи 35-юмин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегиранд.
Бори дигар Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳар яки шумо самимона шодбош гуфта, орзу дорам, ки ҳамеша Парчами давлатӣ, ки рамзи давлатдориву соҳибватанӣ, сарҷамъии миллат, ифтихори ҷовидонии миллат ва муҳаббату садоқати мардуми шарифи тоҷик ба Ватани соҳибихтиёру обод ва пайвандгари дирӯзу имрӯзи миллати тоҷик аст, то абад парафшон бошад.
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!

Статистика и объявления
Все реакции:
1