ШУМОРАИ ОБУНАЧИЁНИ ДОИМИИ САҲИФАИ МО БА 10 ҲАЗОР НАФАР РАСИД
2026-05-05 16:02:22
Бо камоли эҳтиром ба ҳамаи онҳое, ки бо саҳифаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент дар шабакаи фейсбук робитаи доимӣ доранд, хабару гузоришҳои онро мутолиа менамоянд, назарашонро баён медоранд ва имрӯз шумораашон ба 10 ҳазор нафар расид, изҳори сипос мекунем.
Боиси хушнудӣ аст, ки матолиби ин саҳифаро баробари Тоҷикистон, дар Руссия, Ӯзбекистон, Эрон, Афғонистон, ИМА ва дигар минтақаҳои ҷаҳон низ мутолиа менамоянд.
Бо изҳори ташаккур ба ҳамаи обуначиёну хонандагони саҳифа маъмурони саҳифа ба он мекӯшанд, ки муҳимтарин воқеаҳо ва рӯйдодҳои шаҳри Панҷакент, фаъолияти гуногунҷабҳаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрро дар роҳи амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеъбинона ва бо шеваи фаҳмо инъикос намоянд.
Барои ҳамкорӣ ба ҳамаи шумо бори дигар сипос гуфта, изҳори умед мекунем, ки сафи обуначиёну хонандагони саҳифа ва сомонаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент минбаъд низ фарохтар хоҳад шуд.
Дафтари матбуоти раиси шаҳри Панҷакент