БОЗДИД АЗ РАФТИ БАРТАРАФ НАМУДАНИ ОҚИБАТИ ОФАТИ ТАБИӢ
2026-05-12 14:56:08
Рафти бартараф намудани оқибати боришоти бардавом ва селҳои даҳаи аввали моҳи майи соли ҷорӣ, ки дар ҳудуди деҳоти Лоиқ Шералӣ, Шинг, Ёрӣ, Ворӯи шаҳри Панҷакент ба роҳу пулҳо,иншооти обёрӣ, хатҳои обу барқ, киштзорҳо, чанде аз хонаҳои сокинон хисорот ворид намуд, зери назорати ҳамарӯзаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва ситоди шаҳрии ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ қарор дорад.
Зимни боздиди раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз минтақаҳои аз офати табиӣ зиёндидаи деҳаҳои Мазор ва Баҳор, пули даромадҳои шарқии деҳаи Навободи шоҳроҳи Панҷакент Айнӣ дар ҳудуди деҳоти Лоиқ Шералӣ, Хушдараи деҳоти Шинг ва Гулистони деҳоти Ворӯ гуфта шуд, ки барои бартараф намудани оқибати офати табиӣ бо дастури ситоди ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании шаҳр аз ташкилоту муассисаҳо 12 адад техникаи махсус сафарбар намуда, дар муддати кӯтоҳ хатҳои барқ ва роҳҳои нақлиёӣт барқарор карда шуданд.
Ҳоло бошад корҳои барқароркунӣ ва аз лою қуму шағал тоза намудани иншооти обёрӣ, аз ҷумла канали Марғедар, роҳу пулҳои маҳаллӣ, дигар иншооти зиёндида, сойҳои селрави Заврону Мазор ва дигар минтақаҳо идома дорад.
Дар ин рӯз, аз ҷумла бо ҷалби техника ва ҳашарчиён зери пули даромадгоҳи шарқии деҳаи Навобод дар шоҳроҳи Панҷакент – Аёнӣ, ки бори дуюм аз қуму шағал пур шуда буд, аз нав тоза карда шуд.
Гуфта шуд, ки то ин рӯз ҷиҳати тоза намудани сойҳои селрав, васеъ намудани онҳо корҳои зиёде анҷом дода шудааст ва ҳоло низ идома дорад.
Дар ҷараёни боздид ба масъулони шуъбаи раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳр, муассисаи давлатии истифода роҳҳои автомобилгард, идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ, ҷамоатҳои деҳот барои бо истифода аз техникаи сафарбаршуда ва аҳолӣ дар муддати кӯтоҳ бартараф намудани оқибати сел, барқарор намудан хонаҳои истиқоматӣ ва дигар иншооти зарарардида дастур дода шуд.