ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ КАРТОШКА ОҒОЗ ШУД
2026-05-30 13:22:39
Имрӯз- дар Рӯзи байналмилалии картошка, ки дар саросари ҷаҳон ба хотири ҷойгоҳи ин зироат дар ғизои сокинони сайёра таҷлил карда мешавад, кишоварзони хоҷагии деҳқонии “Холиқи Муслим”-и деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент ба ҷамъоварии ҳосили картошкаи барвақтӣ шурӯъ намуданд.
Тавре зимни боздиди раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз оғози ҷамъоварии ҳосил гуфта шуд, ин баҳор саҳмдорони ин хоҷагӣ дар 23 гектар картошка кишт карданд, ки қисми бештари он барвақтӣ мебошад.
Ба гуфти мутахассисон ҳосили картошкаи барвақтӣ хуб буда, аз ҳар гектар то 350 сетнериро ташкил медиҳад.
Иттилоъ дода шуд, ки ин баҳор кишоварзони хоҷагиҳои деҳқонӣ дар 450 гектар картошкаи барвақтӣ кишт кардаанд ва дар ин майдонҳо баъди ҷамъоварии ҳосил қаланфури булғорӣ, сабзӣ, карам ва зироати хуроки чорво кишт мекунанд.
Баробари ҷамъоварии ҳосили кишти барвақтӣ, ҳоло дар хоҷагиҳои деҳқонӣ кишти тирамоҳии картошка идома дошта, дар маҷмӯъ то имрӯз дар майдони 2192 гектар ин зироат кишта шудааст, ки ин наздики 90 фоизи нақшаи пешбинишудаи киштро ташкил медиҳад.
Дар ин рӯз ба ифтихори Рӯзи байналмилалии картошка ба 20 нафар аъзоёни хоҷагии деҳқонии “Холиқи Муслим”, ки дар шаҳр нахустин шуда, ба ҷамъоварии ҳосил шурӯъ намуданд, тӯҳфаи идона тақдим карда шуд.