Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > ПАНҶАКЕНТ: ДАР МАЙДОНИ 2503 ГЕКТАР КАРТОШКА КИШТ КАРДА ШУД
single-product

ПАНҶАКЕНТ: ДАР МАЙДОНИ 2503 ГЕКТАР КАРТОШКА КИШТ КАРДА ШУД

2026-06-05 09:53:11

Дар хоҷагии деҳқонии “Қосими маҷид”-и деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент баъди дарави ҷав ба кишти картошка пардохтанд.Ин таҷриба дар бисёр хоҷагиҳои деҳқонии ин ҷамоати деҳот роиҷ буда, тирамоҳ аз он ҳосили фаровони хушсифат мегиранд.
Ба гуфтаи мутахассисон ва кишоварзони собиқадор аз картошкаи тирамоҳӣ, ки баъди ҷамъоварии ҷав ва дигар зироати зудрас чун кишти такрорӣ шинонида мешавад на танҳо ҳосили хуб мегиранд, балки он барои нигоҳдорӣ низ мувофиқ мебошад. Маҳз ҳамин омил деҳқононро водор месозад, ки майдони кишти ин зироатро сол ба сол зиёд намоянд
Тавре аз раёсати кишоварзии шаҳр иттилоъ доданд,то имрӯз дар хоҷагиҳои деҳқонии шаҳр дар майдони 2503 гектар картошка кишт карда шудааст, ки ин нисбат ба нақша бештар аст.
Ҳоло баробари ҷамъоварии ҳосили картошкаи барвақтӣ кишти картошкаи тирамоҳӣ низ бо маром идома дорад. Кишоварзон бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда дар заминҳои аз зироатҳои дигар холишуда майдони кишти такрориро васеъ намуда, истеҳсоли ин зироатро афзоиш медиҳанд.