КОРХОНАИ МУШТАРАКИ “ЗАРАФШОН” БУНЁДИ ИНШООТИ ИҶТИМОИРО МАБЛАҒГУЗОРӢ МЕНАМОЯД
2026-06-06 12:33:48
Субҳи имрӯз дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 86-и деҳаи Хумгарони деҳоти Косатароши шаҳри Панҷакент бо иштироки муовини раиси шаҳр Парвина Нақибӣ ва муовинони директори кулли корхонаи муштараки “Зарафшон” ба бунёди чор синфхонаи иловагӣ бо утоқи кории омӯзгорон оғоз бахшида шуд.
Тавре зимни оғози сохтмони синфхонаҳои иловагӣ гуфта шуд, барои бунёди он, таъмири бинои асосии таълимгоҳ ва насби хати гармидиҳӣ корхонаи муштараки “Зарафшон” як миллион сомонӣ ҷудо намудааст.
Тибқи нақша пудратчии сохтмон – ширкати бинокории “Оби Зам – зам”, бунёди синфхонаҳои нав ва таъмири бинои асосии таълимгоҳро то оғози соли нави таҳсил ба анҷом мерасонад.
Соли нави таҳсил 200 нафар хонандагон дар ду баст дар синфхонаҳои наву барҳаво ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.
Дар ин рӯз ҳамчунин аз ҷониби ин корхонаи азими саноати кӯҳӣ барои идомаи сохтмони кӯдакистон барои 200 ҷой, ки дар деҳаи Нови чомоқи деҳоти Косатарош аз ҷониби вакили Маҷлиси шаҳрӣ , соҳибкор Нарзулло Раҷабов бунёд карда мешавад, 300 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд.
*