Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > ИҶЛОСИЯИ ШАШУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ, ДАЪВАТИ ҲАФТУМ
single-product

ИҶЛОСИЯИ ШАШУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ, ДАЪВАТИ ҲАФТУМ

2026-06-08 15:01:02

Рӯзи 8 июн таҳти раёсати раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Панҷакент даъвати ҳафтум, баргузор шуд.
Дар иҷлосия намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудири шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи раиси вилоят Темур Тӯйчизода иштирок намуд ва сухан кард.
Бо ҷонибдории вакилон рӯзномаи иҷлосия тасдиқ карда, дар ин бораи қарор қабул карда шуд.
Аз рӯйи масъалаи якуми рӯзнома - “Оид ба ҷараёни татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” вакили Маҷлиси шаҳрӣ, муовини раиси шаҳр Парвина Нақибӣ маърӯза кард.
Баъди шунидани маърӯзаи иловагӣ, мулоҳизаҳои вакилон, оид ба ин масъала раиси шаҳр суханронӣ намуд ва дар ин бора қарор қарор қабул карда шуд.
Дар иҷлосия прокурори шаҳр, мушовири адлияи дараҷаи як Искандар Раҳматзода дар ин бора мулоҳизаҳояшро баён намуд.
Дар идомаи иҷлосия тибқи рӯзнома вакилон ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалаҳои саноат энергетика, комуникатсия, шаҳрсозӣ ва нақлиёт, ки дар ин бора раиси комиссия Муҳаммадсодир Сафарзода сухан кард, шунида, дар ин бора қарор қабул намуданд.
Вакилон ҳисоботи вакили Маҷлиси шаҳрӣ аз ҳавзаи интихоботии Марғедар № 26 Шодӣ Ҷумъаевро шунида,оид ба номгузории МТМУ № 90, деҳаи Косатароши деҳоти Косатарош ба номи нависанда ва рӯзноманигор, узви Иттифоқи нависандагон ва Созмони рӯзноманигорони Тоҷикистон, шодравон Эҳсон Субҳон қарор ба тасвиб расониданд.
Дар фарҷоми иҷлосия вакилон фармоиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Панҷакент таъин намудани Дилшод Баҳриддинов ва дигар қарорҳои раиси шаҳрро тасдиқ намуданд.
Иҷлосия дар бораи ҳамаи масъалаҳои дар рӯзнома пешбинишуда қарор қабул намуд.