ДАР ДЕҲАИ МАРҒЕДАР КОРҲОИ ОБОДОНӢ ВУСЪАТ МЕЁБАД.
2026-06-10 08:24:04
Дар деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент, аз ҷумла деҳаи Марғедар, дар доираи нақшаи омодагиҳо ба ҷашни 35- солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон корҳои ободонию бунёдкорӣ вусъат меёбад.
Дар ҷараёни боздиди раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз рафти сохтмони маркази савдо ва хидматрасонии соҳибкор Ислом Имомов гуфта шуд, ки ҳоло дар ин ҷо корҳои сохтмонӣ ва ороишӣ идома дошта, баъди анҷоми корҳо нуқтаҳои хидматрасонӣ ва толори маъракаҳо ба хидмати мардум пешкаш карда мешавад.
Зимни боздид аз рафти сохтмони толори варзиш ва Майдони Парчам, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва саҳми соҳибкорону ҷавонон бунёд мешавад, ба ташаббускорон ва фаъолони деҳа барои дар мӯҳлати кӯтоҳ ба анҷои расонидани корҳо дастур дода шуд.