Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > ТАҶДИДИ КОРХОНАИ ҒАНИГАРДОНИИ МИСУ ҚАЛЪАГӢ.
single-product

ТАҶДИДИ КОРХОНАИ ҒАНИГАРДОНИИ МИСУ ҚАЛЪАГӢ.

2026-06-10 08:29:50

Дар корхонаи муштараки “Броадтек- Тоҷикистон майнинг инвестмент лимитед” баъди танаффуси зиёд бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Панҷакент корҳои омодагӣ барои ба кор андохтани он идома дорад.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода зимни сафари корӣ аз рафти корҳои барқарор ва омода намудани коргоҳ боздид намуд.
Гуфта шуд, ки ҳоло корҳо ҷиҳати ба кор омода намудану санҷиши техникии таҷҳизоту механизмҳо, насби таҷҳизоти нав, бунёди сехи нав ва азнавсозии манбаъи истихроҷи маъдан дар мавзеъи Мушистон, омода намудани хобгоҳҳо барои коргарон идома дорад.
Роҳбарияти коргоҳ муваззаф карда шуд, ки то охири соли равон навбати аввали он бо ҷалби 200 нафар коргарону кормандон ба кор андохта шавад.