Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > ЁДКАРДЕ АЗ ЗАБОНШИНОСИ НОМВАР
single-product

ЁДКАРДЕ АЗ ЗАБОНШИНОСИ НОМВАР

2026-06-10 15:47:30

Дар заминаи сиёсати фарҳангии Ҳукумати кишвар, ки арҷгузорӣ ба ходимони давлатию сиёсӣ, адибону олимони номвар дар меҳвари он қарор дорад, бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 41-и деҳаи Шашкати деҳоти Рӯдакӣ 90- солагии олими забоншинос, барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино Субҳон Атобуллоев, ки таълимгоҳ номи ӯро дорад, маҳфили адабию илмӣ ва фарҳангӣ баргузор шуд.
Муовини раиси шаҳр Мурод Шукурзода, устоди Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд, ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Бозорбой Раззоқов, устодони донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент,кормандони масъули кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ, адибон, омӯзгорон, дӯстону шогирдон аз хидматҳои мондагори Субҳон Атобуллоев дар таҳқиқи паҳлӯҳои гуногуни илми забоншиносӣ,тарбия ва роҳнамоӣ ба ҷавонон, хислатҳои неки инсонии ӯ ёд карданд.
Гуфта шуд, ки ӯ дувоздаҳ сол ба ҳайси корманди илмии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти тоҷики Академияи улуми Тоҷикистон кор карда, тӯли умри кӯтоҳи худ дар ин мавзӯъ чандин рисола ва беш аз 50 мақолаи арзишманд таълиф намудааст, ки имрӯз низ қимати илмии баландро соҳибанд.
Ба иштирокчиёни маҳфил барномаи ҷолиби бадеӣ- ҳунарӣ аз ҷониби санъаткорон ва хонандагони таълимгоҳ пешниҳод шуд.