Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > КАНАЛИ МАРҒЕДАР ДАР ДАВОМИ ДУ ҲАФТА ПУРРА БАРҚАРОР ВА БА ОН ОБ САР ДОДА ШУД
single-product

КАНАЛИ МАРҒЕДАР ДАР ДАВОМИ ДУ ҲАФТА ПУРРА БАРҚАРОР ВА БА ОН ОБ САР ДОДА ШУД

2026-06-11 07:59:02

Имрӯз пас аз нимарӯз баъди анҷоми корҳои барқароркунӣ ҷиҳати бартараф намудани оқибати офати табиӣ, ки беш аз ду ҳафта тӯл кашид, ба канали Марғедар об баста шуд.
Тавре дар идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ҳавзаи дарёи Зарафшон иттилоъ доданд,бо дастгирии ҳамарӯзаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент, ҷалби техникаҳои соҳавӣ, ташкили ҳашарҳо ҳаҷми бузурги корҳои барқароркунӣ анҷом дода, дар 42 метр хати шусташудаи канал барқарор ва 7 километри он аз лою қуму шағал тоза карда шуд.
Имрӯз ба канал барои санҷиш 1,5 метри мукааб об баста, рӯзҳои оянда дар ҳаҷми меъёрӣ об сар дода мешавад.
Лозим ба ёдоварист, ки канали мазкур наздик ба 6000 гектар заминҳоро бо об таъмин менамояд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ба кулли шаҳрвандоне, ки дар барқарор кардани канали Марғедар саҳмгузорӣ ва дар ҳашари дастаҷамъона иштирок намуданд, миннатдории самимӣ изҳор менамояд.