ҚАБУЛИ МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН
2026-06-13 11:48:59
Дар рӯзи қабули шаҳрвандон аз ҷониби раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода,ки ҳар ҳафта рӯзи шанбе доир мешавад, ин навбат масъалаҳои таъмин бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ, беҳтар намудани шароити манзил, ҳуҷҷатгузории қитъаи замин барои бунёди иншооти гуногун, баҳси замин, оилавӣ, мусоидат барои гирифтани нуқтаи савдо дар бозор, таъмин бо ҷойи кор ва дигар муроҷиатҳо матраҳ карда шуданд.
Зимни шунидани муроҷиатҳо ба 18 нафар моҳияти масъала ва роҳҳои қонунии ҳалли онҳо фаҳмонида, ба муовинони раиси шаҳр, шуъбаю бахшҳои марбутаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр,роҳбарони ташкилоту муассисаҳо барои баррасӣ ва ҳалли ниҳоии муроҷиати 12 нафар супориш дода шуд.