РАФТИ БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ- ЗЕРИ НАЗОРАТ
2026-08-04 17:49:33
Дар шаҳри Панҷакент дар доираи нақшаи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1024 иншооти таъиноти гуногун, сохта, мавриди истифода қарор дода шудааст, ки ин назар ба нақшаи пешбинишуда 38 адад зиёд буда, ҳоло бунёди боз даҳҳо иншооти таъиноти иҷтимоӣ ва истеҳсолӣ идома доранд.
Рафти бунёди онҳо зери назорати пайвастаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр қарор дода, дар ин замина раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз чанде аз онҳо дидан намуд.
Зимни боздид аз рафти бунёди майдони пазироӣ ва дарвозаи рамзии даромадгоҳи ғарбии шаҳр паймонкор–ширкати бинокории “Асл”, барои тезонидани суръати корҳо ва дар мӯҳлати кӯтоҳ анҷом додани он муваззаф карда шуд.
Дар ҷараёни боздид аз рафти бунёди майдон ва гулгашти Абулқосим Фирдавсӣ дар қисмати ғарбии шаҳр аз ҷониби ширкати бинокории “СУ-3” гуфта шуд, ки он бо тарҳи ҷолиб, ки шаҳомати муаллифи “Шоҳнома”-и безавол ва қаҳрамонҳои онро ифода мекунанд, бунёд шуда, ба мавзеъи истироҳат ва тарбияи насли ҷавон аз ифтихор аз Ватан табдил хоҳад ёфт.
Дар идомаи боздидҳо дар варзишгоҳи қисмати ғарбии шаҳр масъалаи таҷдиди он матраҳ шуда, ба ширкати бинокории “СУ-3” барои оғози сохтмони бинои баландошёна дар кӯчаи 50-солагии Тоҷикистон, ки дар он бинои маъмурии шуъбаи маорифи шаҳр низ ҷой дода мешавад, ба паймонкор ва ниҳодҳои марбутаи шаҳрдорӣ дастур дода шуд