САФАРИ КОРӢ БА ДЕҲОТИ РӮДАКӢ, БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲО ДАР ИНШООТИ БУНЁДШАВАНДА ВА МУЛОҚОТ БО СОБИҚАДОРИ МЕҲНАТ
2026-11-13 16:46:07
Дар деҳаи Марғедари деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва сармоягузории шарикони рушд сохтмони бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 53 барои 500 хонанда дар ду баст идома дорад.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода зимни сафари корӣ ба деҳоти Рӯдакӣ бо рафти бунёди ин таълимгоҳ шинос шуд. Гуфта шуд, ки дар мувофиқа бо сармоягузор ба бинои таълимгоҳ, ки дар ду қабат пешбинӣ шуда буд, як ошёнаи дигар илова карда, боз барои 250 нафар дар ду баст ҷой муҳайё карда мешавад.
Дар идомаи сафари корӣ бо рафти сохтмони майдони Парчам ва толори варзишӣ дар деҳаи Марғедар, бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 13 ва маркази саломатӣ дар деҳаи Нигнот боздид намуда, ба пудратчиён барои дар муҳлати пешбинишуда анҷом додани сохтмони онҳо дастур дода шуд.
Дар ин рӯз раиси шаҳр ҳамчунин бо собиқадори хадамоти молия, ки дар сохторҳои ин ниҳод дар шаҳр ва ҷумҳурӣ солҳои тӯлонӣ ифои вазифа намудааст ва ҳоло дар деҳаи Марғедар умр ба сар мебарад, Мӯсо Исомидднов мулоқот намуд