Местный исполнительный орган государственной власти города Пенджикента

  • Новости
  • > ТОҶИКИСТОН, МАҲЗАРИ УММЕДУ АРМОН Гиромидошти 75- солагии шоири ширинкалом Меҳринисо
single-product

ТОҶИКИСТОН, МАҲЗАРИ УММЕДУ АРМОН Гиромидошти 75- солагии шоири ширинкалом Меҳринисо

2026-11-14 15:02:10

Тоҷикистон,
Ман намозамро ба номат мегузорам тоҷикӣ,
Ифтихорам тоҷикӣ, дору надорам тоҷикӣ.
Ин байтҳо аз ғазали машҳури шоираи ширинкалом Меҳринисо дар маҳфили гиромидошти 75- солагии зодрӯзи ӯ, ки дар Кохи фарҳанги шаҳри Панҷакент ба номи Олим Бобоев бо ибтикори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва иштироки намояндагои аҳли адабу фапрҳанги ҷумҳурӣ, вилоят ва шаҳр баргузор шуд, борҳо қироат карда ва ҳам суруда шуд.
Соҳибҷашнро бо ин санаи мубораки умр раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода муборакбод гуфт.
Таъкид шуд, ки ашъори ватандӯстона ва ошиқонаи Меҳринисо кайҳост, ки ба дили ҳаводорони шеъру адаб нишастааст ва ба садҳо шеъри ӯ бастакорон оҳанг бастаю аз ҷониби ҳунармандони кишвар суруда мешаванд.
Дар ашъори Меҳринисо, ки беш аз чордаҳ маротиба дар шакли маҷмӯъаҳо ба табъ расидаанд, мавзӯъи ватандӯстӣ, мадҳи ин обу хоки муқаддас, табиати зебои кишвар, ишқу муҳаббат, шодию нишот, шукру сипоси неъматҳои зиндагӣ ва дар маҷмӯъ ҷилваҳои зиндагӣ бо қалами сеҳрбор ва нигоҳи боназокат, малеҳу нозук дар шаклҳои гунгуни шеърӣ устодона ва шоирона инъикос шудаанд.
Дар маҷмӯъаи нави ашъори Меҳринисо бо номи “Мазҳари умед”, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ба ифтихори ин санаи мубораки умри ӯ ба нашр расидааст, низ ҳамин мавзӯъҳои абадии шеър ифода ёфтаанд.
Меҳринисо як даъват ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта, хидматҳояш бо ордени “Шараф”, унвони “Корманди шоистаи Тоҷикистон” қадршиносӣ карда шудаанд.
Дар маҳфил олимону муҳаққиқон, шоирон, дӯстону ҳаводорони ашъори Меҳринисо дар бораи паҳлуҳои гуногуни эҷодиёт, ҳунар ва сабки шоирии ӯ сухан гуфтанд ва ҳозирин аз сурудҳо бар ашъори ӯ аз ҷониби ҳунармандон лаззат бурданд.