Местный исполнительный орган государственной власти города Пенджикента

  • Новости
  • > МАВЛУДА АБДУРАҲМОНОВА - ҲУНАРМАНДИ СОЛ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД
single-product

МАВЛУДА АБДУРАҲМОНОВА - ҲУНАРМАНДИ СОЛ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

2026-11-18 10:29:22

Сӯзанидӯзӣ ва зардӯзӣ аз қадимтарин ҳунарҳои бонувони тоҷик, хоса дар шаҳри Панҷакент аст ва Мавлуда Абдураҳмонова- зардӯзу сӯзанидӯзи чирадаст, ин анъанаи гузаштагонро имрӯз бо рангу таровати нав идома медиҳад ва ин ҳунари ӯ борҳо дар намоишҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ баҳои баланд гирифтааст.
Ва инак, боз як хушхабар. Мавлуда Абдураҳмонова дар озмуни вилоятии “ Ҳунарманди сол” бо ҳунари зардӯзӣ сазовори ин унвони баланд гардид.
Маҳз бо ҳунари ин гуна бонувони чирадаст, ки анъанаҳои гузаштагонро идома медиҳанд, шаҳри Панҷакент соли гузашта ба Феҳристи “Шаҳрҳои ҷаҳонии ҳунармандӣ” аз рӯи сӯзанидӯзӣ шомил гардида буд