
ПЕШБАРИИ НОМЗАДҲО БА МАҶЛИСҲОИ ВИЛОЯТӢ ВА ШАҲРӢ
2025-01-20 13:20:27
Дар маҷлиси васеъи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, ки бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар вилояти Суғд Ҷаҳонгир Салимзода, раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода, фаъолони ҳизб, намояндагони ҳавзаи интихоботӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлисҳои вилоятӣ ва шаҳрӣ баргузор шуд, фаъолияти ташкилоти шаҳрии ҳизб дар соли 2024 баррасӣ шуда, нақшаҳо барои нимсолаи аввали соли равон тасдиқ гардида, номзадҳои ҳизб ба вакили Маҷлисҳои вилоятӣ ва шаҳрӣ ҷонибдорӣ карда шуданд.
Зимни шарҳу тавзеҳи барномаи пешазинтихоботии ҳизб дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ , ки рӯзи 2 марти соли равон баргузор мешавад ва муаррифии номзадҳо ба Маҷлисҳои вилоятӣ ва шаҳрӣ дар суханронии раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб ва раиси шаҳр аз ҷумла, таъкид шуд, ки аз ҳисоби аъзоёни фаъоли ҳизб ва шахсиятҳои арзанда 7 нафар дар ҳавзаҳои интихоботӣ ба вакили Маҷлиси вилоятӣ ва 40 нафар аз ҳавзаҳои шаҳрӣ ба вакили Маҷлиси шаҳрӣ пешбарӣ шуданд.
Таъкид шуд, ки номзадҳо ба Маҷлиси вилоятӣ ва шаҳрӣ аз ҷумлаи бонувони фаъол, соҳибкорон, хидматчиёни давлатӣ, табибон, омӯзгорон ва намояндагони дигар касбу кори гуногун, ки дорои малакаю таҷрибаи ғанӣ ва мавқеи фаъоли ҷамъиятӣ мебошанд, пешбарӣ шудаанд.
Аз иштирокчиёни ҷаласа даъват шуд, ки дар тарғибу ташреҳи барномаи пешазинтихоботии ҳизб, ки ба пешрафт ва саодати халқ нигаронида шудааст, иҷрои ҳадафу вазифаҳое, ки дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар гузошта шудаанд, фаъолона ширкат намуда, рӯзи интихобот аз номзадҳои пешбаринамудаи ҳизб ҷонибдорӣ намоянд.
