Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > ДАРВОЗАИ НАВРӮЗ АСТ ҶАШНИ САДАИ МЕҲАН
single-product

ДАРВОЗАИ НАВРӮЗ АСТ ҶАШНИ САДАИ МЕҲАН

2025-01-27 10:45:28

Дар даврони истиқол бо ибтикору роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашну оинҳои миллӣ эҳё гардида, дар қатори Наврӯзу “Шашмақом”, чакану оши палав ҷашни бостонии Сада низ ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гадид.
Хеле рамзӣ аст, ки якшанбеи гузашта ҷашни Сада дар шаҳри Панҷакент дар мавзеи Қавола, дар канори шоҳроҳ ва домани майдонҳои кишт бо иштироки доираи васеи кишоварзон, кормандони ташкилоту муассисаҳо, намоиши дастранҷи деҳқонон, техникаи кишоварзӣ, маҳсули дасти ҳунармандон, рақсу суруд, барафрӯхтани оташ, ки рамзи ин иди бостонӣ аст, бо рангу таровати тоза баргузор шуд.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода зимни муборакбодии ҳамдиёрон бо ҷашни Сада, аз ҷумла зикр намуд, ки эҳёи ҷашну маросим ва суннатҳои мардумии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон, Сада, Тиргон ва даҳҳои дигар дар замони Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон гувоҳи равшани ба асолату рисолати таърихӣ бозгаштани миллати мо аст. Аксари ин маросим, хусусан Наврӯз, Меҳргон ва Сада таҷассуми одобу хирад, фарҳангу маданият, хуллас симои маънавии мардуми тоҷик мебошанд. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Аз ин ҷашни бостонӣ то ба имрӯз як силсила расму анъанаҳо, намунаҳои фарҳангиву адабӣ ва малакаву таҷрибаҳои кишоварзӣ мерос мондаанд, ки ин арзишҳои маънавӣ наслҳои имрӯзаро бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи халқамон пайванд медиҳад».
Тибқи маълумоти манбаъҳои таърихӣ, мардум бо афрӯхтани оташ фасли баҳор ва гармию равшаниро даъват менамуданд ва ба кишту кор, ба ҷашни Наврӯз омодагӣ медиданд.
Ниёкони мо ҷашни Садаро ҳамчун падидаи кашфи оташ ҳам таҷлил менамуданд ва оташ на танҳо гармӣ мебахшад, балки рамзи рӯшанӣ ва он башорот аз ҷашни эҳёи табиат- Наврӯз низ ҳаст. Ин рамзҳо аз аҳди бостон ҳамчун ҷузъи асосии ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносии ниёкони мо пазируфта шудаанд.
Аз кишоварзон ва ҳамдиёрон даъват шуд, ки корҳои омодагиро ба мавсими кишт вусъат дода, аз ҳоло ба ниҳолшинонӣ, сабзу хуррамгардонӣ ва ободии маҳали зист машғул шаванд, дар иҷрои нақшаи созандагию бунёдкориҳо ба ифтихори ҷашни 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини амнияти озуқавории кишвар фаъолона саҳм гузоранд.
Дар фарҷоми ҷашн ба як гурӯҳ кишоварзони фаъол, ки дар рӯёнидани ҳосил ба дастовардҳо ноил шудаанд, сипоснома ва тӯҳфаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим карда шуд.