
ПАЁМ – РАҲНАМО БАРОИ РУШДИ ҶОМЕА
2025-02-07 09:44:03
Гурӯҳи муштарки тарғиботии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Панҷакент, Кумитаи иҷроияи вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки ба ҳайати он кормандони масъули кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб ва устодони донишгоҳҳо шомил ҳастанд, бо иштироки муовини раиси шаҳр ва раиси кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб дар мулоқот бо фаъолони ҳизб, омӯзгорон ва ҷавонони шаҳри Панҷакент нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Презеденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишварро шарҳу тавзеҳ доданд.
Зимни тавзеҳу шарҳи нуктаҳои Паёми Президенти мамлакат, аз ҷумла таваҷҷӯҳи ҳозирин ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат дар соли 2024 ва се соли қаблӣ, ки дар Паём зикр шудааст, равандҳои рушди соҳаҳои калидӣ, самтҳои сиёсати иқтисодию иҷтимоии давлат, бештар шудани эътибор ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди соҳаҳои маорифу тиб, кор бо занону ҷавонон ва дигар самтҳои муҳими Паём ҷалб карда шуд.
Ҳамчунин вазифаҳои, ки дар Паём барои пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, ташаккули «иқтисоди сабз», рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, ташаккул додани иқтисоди ба дониш ва ихтироъкориву навоварӣ асосёфта ва баланд бардоштани маърифати молиявии шаҳрвандон, тарбияи насли ҷавони донишманду бомаърифат ва ватандӯст ёдоварӣ карда, дигар нуктаҳои ин ҳуҷҷати раҳнамо шарҳу тавзеҳ дода шуд.
