Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > БОЗДИДИ ҲАЙАТИ ҲУКУМАТИИ ҶУМҲУРӢ АЗ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ
single-product

БОЗДИДИ ҲАЙАТИ ҲУКУМАТИИ ҶУМҲУРӢ АЗ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ

2025-02-19 16:54:01

Санаи 18 феврал соли 2025 бо бо мақсади шиносоӣ бо вазъи соҳаи кишоварзӣ, рафти иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ва дар маҷлиси васеъи Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, дар ҳайати вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода, раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ Муҳаммадсаид Файзуллозода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода, директори Агентии хоҷагии ҷангал Абдуҷаббор Юсуфзода, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ Зафарбек Давлатзода, Президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ Амонулло Салимзода, муовини раиси вилояти Суғд Файзулло Қосимӣ ба шаҳри Панҷакент сафари корӣ анҷом доданд.
Дар оғози боздид аъзоёни ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар шафати шоҳроҳи Панҷакент – Айнӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Ёрӣ ва Рӯдакӣ дар ҳашари ниҳолшинонӣ иштирок намуда, бо вазъи сарбанди канали Марғедар, пойгоҳи обкашӣ дар деҳаи Боғчаи Ҷамоати деҳоти Шинг ва корҳои соҳилмустаҳкамкунии дарёи Зарафшон дар ин мавзеъ шинос шуданд.
Дар идомаи боздид бо захираи мева дар сардхонаҳо дар ҷамоатҳои деҳоти Рӯдакӣ ва Лоиқ Шералӣ, захираи тухмии картошка дар хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоатҳои деҳоти Сӯҷина ва Халифа Ҳасан шинос шуда, ба ин иқдоми онҳо ва ба истеҳсол ва захираи фаровони пиёз дар анборҳои кишоварзони деҳаи Сӯҷина баҳои баланд дода шуд.
Дар ҷараёни сафари корӣ ҳамчунин бо фаъолияти фермаи чорводории соҳибкор Урунбек Қурбонов ва бунёди токзори нави хавозавӣ дар Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ ошно шуда, ба истифодаи заминҳои кишт, ҳолати токзор, омода намудани заминҳо ба кишти картошкаи барвақтӣ таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд.
Баъди анҷоми боздидҳо дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр бо иштироки масъулони соҳаи кишоварзӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот, сарварони як қатор хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷаласа баргузор шуд.
Муовини сарвазири Ҷумҳурӣ Сулаймон Зиёзода зимни ташреҳи вазифаҳое, ки Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ва дар маҷлиси васеъи Ҳукумати мамлакат оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ, истифода босамари замин ва ба ин васила афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ баён доштанд, таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба нишондиҳандаҳои истеҳсоли ғалла, сабзавот,картошка, полезиҳо, меваю сабзавот, ширу гӯшт, тухм ба ҳар нафар сокини шаҳр дар муқоиса бо меъёри муайяншудаи истеъмоли солона, ҳосилнокии зироат, ҳолати истифодаи заминҳои кишт, риояи қоидаҳои агротехникӣ дар парвариши ғалла, боғу ток, вусъат додани маъракаи ниҳолшинонӣ, ба ҷои боғу токзори кӯҳна бунёди намудани боғу токзори интенсивӣ, бо оби полезӣ беҳтар таъмин намудани заминҳои кишт, дар маҷмӯъ маданияти кишоварзӣ ҷалб намуд.
Таъкид карда шуд, ки истеҳсоли картошка ва шолӣ дар маҷмӯи маҳсулоти кишоварзии шаҳр ҷойгоҳи хоса дошта, бо супориши Ҳукумати мамлакат истеҳсоли онҳо, хоса картошка, бояд зиёд карда шавад. Дастур дода шуд, ки дар 70 фоизи заминҳои дар хоҷагиҳои кишоварзӣ барои кишти картошка пешбинишуда бояд дар моҳҳои феврал ва март кишти барвақтии ин зироат, ки дар шароити ҳудуди ҳамвории шаҳр ҳосили хуб медиҳад, гузаронида шавад.
Дар ҷаласа ҳамчунин оид ба таҳияи лоиҳаи ба як маҷро гирифтани дарёи Зарафшон, баҳисобгирии саҳеҳи заминҳои кишт, ташкили хоҷагӣ оид ба истеҳсоли тухмии картошка, такмили қонун оид ба хоҷагиҳои деҳқонӣ, норасоии кадрҳои соҳаи кишоварзӣ масъалагузорӣ сурат гирифта, ба саволу дархости иштирокчиён посух гуфта шуд.

single