Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > ТАҶЛИЛИ 30 -ЮМИН СОЛГАРДИ ТАЪСИСИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН
single-product

ТАҶЛИЛИ 30 -ЮМИН СОЛГАРДИ ТАЪСИСИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН

2025-02-21 13:51:41

Имрӯз дар Кохи фарҳанги шаҳри Панҷакент бо иштироки афсарону аскарони қисмҳои ҳарбӣ, собиқадорон, намояндагони ташкилоту муассисаҳо, ҷавонон бо баргузории ҷамъомади тантанавӣ Рӯзи таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат таҷлил карда шуд.
Дар паёми шодбошии муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода, ки намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори раёсати маорифи вилоят Мадина Набиева ироа намуд ва сухани табрикии раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз ҷумла зикр шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қуввааҳои мусаллаҳи кишвар, генерали артиш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақшу ҷойгоҳи неруҳои мусаллаҳи мамлакат, ки дар оғози даврони истиқлол, дар шароити душвори сиёсӣ таъсис шуда, имрӯз ба посбони ҳақиқии марзу буми давлат ва дастовародҳои истиқлол табдил шудааст, баҳои баланд медиҳанд.
Дар фарҷоми маҷлиси тантанавӣ ба гурӯҳ афсарони комиссариати ҳарбӣ, қисмҳои низомӣ, иштирочиёни барқарор намудани сохти конститутсионӣ сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии мқомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим намуда, барномаи ҷолиби ҳунарии санъаткорони шаҳр, ки тараннумгари меҳри Ватан, сулҳу салоҳ ва ободию осудагии кишвар буд, пешкаш карда шуд.
Ба ифтихори Рӯзи таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат чун анъана дар ҳамаи корхонаю ташкилотҳо, муассисаҳои таълимии шаҳр ҷамъомаду чорабиниҳои идона баргузор шуданд.

single