Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > БОЗДИД АЗ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЁРӢ
single-product

БОЗДИД АЗ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЁРӢ

2025-02-21 14:32:44

Дар Ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент бо мусоидати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, ҷалби соҳибкорони дохилӣ ва бурунмарзӣ, сокинон корҳои ободонӣ ба ифтихори ҷашни 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъат меёбад.
Аз ҷумла, ҳоло дар деҳаи Ёрӣ сохтмони бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 57, ки дорои 16 синфхона ва ҳуҷраҳои дигари корӣ хоҳад буд, идома дорад ва ҳашарчиён ба бардоштани девори қабати аввали бино машғул ҳастанд.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода бо рафти сохтмони муассисаи таълимӣ шинос шуда, ба ин иқдоми соҳибкорон ва сокинон баҳои баланд дод ва барои дар мӯҳлати кӯтоҳ ва бо сифати хуб анҷом додани сохтмони таълимгоҳ дастур дода шуд.
Дар ҷараёни сафари корӣ ҳамчунин бо рафти насби таҷҳизоти гармидиҳӣ дар кӯдакистони “Барно”-и деҳаи Ёрӣ, кандани чоҳи амудӣ барои бо оби нӯшокӣ таъмин намудани беш аз 200 хонавода,ки корҳои асосиаш анҷом ёфта, бо саҳмгузории соҳибкорони деҳа роҳандозӣ шудааст, таъмири бинои маъмурии Ҷамоати деҳот шинос шуда, масъулон барои тезонидани корҳо муваззаф карда шуданд.

single
single