Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > БА ИФТИХОРИ 32- СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН
single-product

БА ИФТИХОРИ 32- СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН

2025-02-21 15:28:03

Имрӯз дар толори варзиши муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 47-и шаҳри Панҷакент бахшида ба 32-юмин солгарди Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат мусобиқаи волейбол барои дарёфти Ҷоми раиси шаҳр оғоз шуд.
Тавре дар паёми шодбошии раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода дар маросими оғози мусобиқа гуфта шуд, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр рушди варзишро пайваста зери назар қарор дода, ҳамасола барои бунёди бунёди иншоотии варзишӣ, баргузории мусобиқаҳои аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш кори зиёде анҷом дода мешавад.
Дар мусобиқа барои Ҷоми раиси шаҳр 18 даста аз ташкилоту муассисаҳои шаҳр байни худ давоми ду рӯз сабқат менамоянд.
Ғолибони мусобиқа- барои ҷои аввал- бо ҷом ва 12 ҳазор, ҷойи дуюм -7000 ва ҷойи сеюм -5000 сомонӣ мукофотонида мешаванд.

single
single