Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

single-product

БОЗДИД АЗ ҚИСМҲОИ ҲАРБӢ

2025-02-22 14:49:54

Арафаи Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат дар қисми ҳарбии Вазорати мудофиаи кишвар ва қисми сарҳадбонии Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Панҷакент ба муносибат ин иди ҷасорату ҷавонмардӣ ҷамъомади тантанавии ҳайати шахсӣ баргузор шуд.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода афсарону аскаронро бо 32-юмин солгарди таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат табрик гуфта, аз ҷумла таъкид намуд, ки бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нерӯҳои мусаллаҳи ҷавони мо дар як давраи кутоҳи таърихӣ ба неруи муқтадири низомӣ, муҳофизи сулҳу оромӣ ва фазои осудаи мамлакат табдил ёфта, ба Ватан ва мардуми худ содиқона хизмат мекунанд.
Гуфта шуд, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр бо қисмҳои ҳарбӣ робитаи доимӣ дошта, барои беҳдошти шароити хидмати сарбозон пайваста мусоидат менамояд.
Дар қисмҳои ҳарбӣ барои хидмати оинномавии афсарону сарбозон захираи кофии маводи хурока ва дигар лавозимот, шароити мусоиди хидмат муҳайё буда,имрӯз барои онҳо ҳамчунин дастархони идона ороста шуд.

single
single