Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > ҶАМЪБАСТИ МУСОБИҚАИ ВОЛЕЙБОЛ
single-product

ҶАМЪБАСТИ МУСОБИҚАИ ВОЛЕЙБОЛ

2025-02-25 11:05:50

Мусобиқа оид ба волейбол барои соҳиб шудан ба ҷоми раиси шаҳри Панҷакент ба ифтихори 32-юмин солгарди таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 47 давоми се рӯз идома дошт, бо иштироки раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода ва муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтолиб Шокирзода ҷамъбаст карда шуд..
Дар ин мусобиқа 18 даста аз ташкилоту массисаҳо, ҷамоатҳои деҳот байни ҳам рақобат намуда, дастаи Ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ соҳиби ҷойи аввал, Ҷамоати деҳоти Ёрӣ ҷойи дуюм ва Ҷамоати деҳоти Ворӯ мақоми сеюмро соҳиб шуданд.
Дастаҳои ғолиб бо мукофотҳои таъсиснамудаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр -барои ишғоли ҷои аввал 12 ҳазор, ҷойи дуюм- 7000 ҳазор ва ҷойи сеюм - 5000 сомонӣ ҷом ва диплом қадрдонӣ карда шуданд
Ҳамчунин ба ҳамаи дастаҳое, ки дар мусобиқа ширкат доштанд ва ташкилкунандагони он сипосномаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

single