Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > МУАРРИФИИ РОҲБАРОНИ НАВТАЪИНИ МАҚОМОТИ СУДӢ
single-product

МУАРРИФИИ РОҲБАРОНИ НАВТАЪИНИ МАҚОМОТИ СУДӢ

2025-03-07 14:26:07

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси суди шаҳри Панҷакент Мирзоҳомидзода Диловар раиси суди шаҳри Хуҷанд ва Юнусзода Рустам Примқулӣ раиси суди шаҳр таъин карда шуданд.
Дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бо иштироки муовини раиси суди вилояти Суғд Зарифӣ Фахриддин Наҷмиддин ва раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода раиси навтаъини суди шаҳр муаррифӣ карда,ба собиқ раиси суди шаҳр барои хидмати шоиста ва садоқатмандона дар вазифаи раиси суди шаҳри Панҷакент, иштироки фаъолона дар тавсеаи маърифати ҳуқуқӣ, ба амал баровардани адолати судӣ, ҳамкории судманд бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ, изҳори сипос намуда, бо сипосномаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр қадршиносӣ карда шуд.