Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > ҶАШНИ НАВРӮЗ ДАР КОРХОНАИ МУШТАРАКИ “ЗАРАФШОН”
single-product

ҶАШНИ НАВРӮЗ ДАР КОРХОНАИ МУШТАРАКИ “ЗАРАФШОН”

2025-03-19 14:24:32

Дар калонтарин коргоҳи коркарди маъдани кӯҳии мамлакат- корхонаи муштараки “Зарафшон”, бо ибтикори роҳбарият ва кумитаи иттифоқи касаба ҷашни Наврӯз бо шукуҳу шаҳомат таҷлил карда шуд.
Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода зимнии сафари корӣ ба Ҷамоати деҳоти Косатарош дар тантанаҳои наврӯзии коргоҳ иштирок намуда, онҳоро бо фарорасии ин ҷашни ҷаҳонӣ шодбош гуфт ва таъкид дошт, ки нақшу ҷойгоҳи ин коргоҳи азим дар рушди саноат ва ғанӣ гардонидани буҷети на танҳо шаҳр, балки вилоят ва ҷумҳурӣ калон аст.
Гуфта шуд,ки ҷашни қадимаи Наврӯз, ки шаш ҳазор сол қабл мардуми ориёнажод ба он асос гузошта, имрӯз ҳамчун рамзи эҳёи табиат, шодию нишот дар тамоми ҷаҳон таҷлил карда мешавад, аз оғоз ҳамин маъниро таҷассум менамуд ва ба ҳамин хотир бо пешниҳоди кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ба Феҳристи мероси ҷаҳонии созмони ЮНЕСКО шомил шуд.
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз кормандони фаъоли муҳандсӣ- техникӣ ва коргарони корхона бо сипоснома мукофотҳои идона қадршиносӣ карда шуданд ва барномаи ҷолиби ҳунарӣ анҷомбахши тантанаҳои наврӯзӣ буд.

single
single