Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > МУБОРИЗА БО ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ - КОРИ ДАСТҶАМЪОНАИ АҲЛИ ҶОМЕА
single-product

МУБОРИЗА БО ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ - КОРИ ДАСТҶАМЪОНАИ АҲЛИ ҶОМЕА

2025-03-20 08:18:52

Рафти иҷрои “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” дар ҷаласи васеъи Шӯрои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Панҷакент бо иштироки доираи васеъи фаъолони шаҳр, роҳбарони корхонаю муассисаҳо , сарварони муассисаҳои таълимӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот, ҷавонону бонувон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ифтитоҳи ҷаласа раиси Шӯро, прокурори шаҳр, мушовири адлияи дараҷаи 1 Искандар Раҳматзода таваҷҷӯҳи ҳозиронро ба рафти иҷрои нишондодҳои Стратегияи мазкур, мушкилоте, ки дар ин самт ҷой доранд ва вазифаҳо ҷиҳати иҷрои он ҷалб намуд
Зимни шунидани натиҷаҳои санҷиши мақомоти прокуратура ва шуъбаи корҳои дохилӣ оид ба иҷрои талаботи “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” дар ташкилоту муассисаҳои шаҳр аз ҷумла гуфта шуд, ки ҳанӯз ҳодисаҳои гароиш ба ақоиди экстремистию таррористӣ, ифротгароии динӣ дар шаҳр ба мушоҳида мерасанд ва даҳҳо нафар бо ин қонуншиканӣ дар ҷустуҷӯ қарор доранд. Ҳамчунин оид ба гароиши ҷавонон ба ақоиди ифротии динӣ, ба таълими ғайриқонунии динӣ ҷалб намудани наврасон низ мисолҳо оварда, гуфта шуд, ки як сабаби он робитаи сусти волидон бо фарзандонашон, ки дар муҳоҷират дар хориҷи мамлакат қарор доранд ва беназорат гузоштани наврасону ҷавонон дар истифода аз шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ мебошад.
Дар ҷаласа гузоришҳо оид ба чорабиниҳое, ки дар ин самт ниҳодҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, аз ҷумла бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, шуъбаи маориф, шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр доир намудаанд, шунида, ҷиҳати тақвияти ин корҳо дар байни аҳолӣ, фаҳмонидани хатару оқибати гароиш ба ақоиди ифротӣ, хоса ифротгароии динӣ, пешгирии ин падидаҳо дастур дода, вазифаҳои ин ниҳодҳо мушаххас баён карда шуданд.
Таъкид шуд, ки ба иҷрои вазифаҳое, ки дар “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” муайян карда шудаанд, бояд дар ҳар ташкилоту муассиса, ҷомеаи меҳнатӣ, ҷамоатҳои деҳот, маҳаллаҳои шаҳр, ҳар оила ба хотири эмин доштани ҷомеа аз ин хатар, таҳкими сулҳу субот, тарбияи насли худшиносу ватандӯсту бомаърифат, ҳифзи манофеи миллат ва давлат бо камоли масъулият муносибат намоянд.

single