Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > ДИДОРБИНӢ БО ОМӮЗГОРИ СОБИҚАДОР
single-product

ДИДОРБИНӢ БО ОМӮЗГОРИ СОБИҚАДОР

2025-03-20 17:04:21

Арафаи ҷашни Наврӯз зимни сафари корӣ ба Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода бо собиқадори соҳаи маориф Фазлиддин Хӯҷабеков, ки солҳои тӯлонӣ умрашро сарфи таълиму тарбияи насли наврас намудааст, мулоқот намуд.
Ӯ аз омӯзгорони варзидаи деҳаи Ғӯсар буда, дар таълиму тарбияи садҳо нафар шогирдон саҳм гузоштааст ва имрӯз низ дар байни онҳо соҳиби обрӯю эҳтиром аст ва омӯзгорони ҷавон аз таҷрибаи ғаниаш баҳра мебаранд.
Ба ӯ тӯфаҳои наврӯзии мақомоти иҷроияии маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим карда шуд