Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > ОБОДКОРИҲО ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ СӮҶИНА
single-product

ОБОДКОРИҲО ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ СӮҶИНА

2025-04-01 08:33:40

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент дар Ҷамоати деҳоти Сӯҷина ҷиҳати иҷрои нақшаи бунёди иншооти таъиноти гуногун ба ифтихори 35-умин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби соҳибкорон идома меёбанд.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода зимни боздид аз Ҷамоати деҳот бо рафти бунёди корхонаи истеҳсоли шифер, ки дар соҳили дарёи Зарафшон бо сармоягузории соҳибкор Фариз Камолов бунёд мешавад, шинос шуд.
Гуфта шуд, ки ҳоло қисми таҷҳизот аз Ҷумҳурии Чин ворид шуда, омода намудани он барои насб ва бунёди биноҳои истеҳсолию ёрирасон идома додад ва барои ин техникаю таҷҳизот ва қувваи корӣ ҷалб карда шудааст.
Дар маркази деҳа бошад, бо сармояи соҳибкор Машраб Эгамбердиев сохтмони маркази хидматрасонӣ иборат аз ҳаммоми замонавӣ ва толори чорабиниҳои идона идома дорад ва ҳоло намои берунаи он бо ҷалби устоҳо аз шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо усули миллии ғаҷкорӣ ороиш дода мешавад.
Дар ин боздид ҳамчунин бо рафти омодагиҳо барои бунёди маркази истироҳатӣ дар соҳили дарёи Зарафшон аз ҷониби соҳибкор Рустам Наҷмиддинов шинос шуда, барои анҷоми таҳияи лоиҳа ва санадгузорӣ дастур дода шуд.

single