Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > БО ТУЕМ ЭЙ ВАТАН, ЧУН ҚАСАМ,ЧУН ШАРАФ !
single-product

БО ТУЕМ ЭЙ ВАТАН, ЧУН ҚАСАМ,ЧУН ШАРАФ !

2025-04-03 06:25:27

Дар саҳни майдони муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонии шаҳри Панҷакент бо иштироки фаъолон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, падару модарон ва наздикони наваскарон ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 19 феврали соли 2025, № 967 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» маросими гусели нахустин гурӯҳи даъватшавандагон ба хидмати Модар – Ватан баргузор шуд.
Беш сесад нафар даъватшавандагон, ки аксарашон бо амри дил хидмати Ватанро ихтиёр намудаанд ва дар мактаби Ташкилоти мададгори мудофиа касб омӯхтаанд, бо Парчам ва шиорҳои ватандӯстона дар даст, зери садои мусиқӣ ба майдон ворид шуда, саф оростанд.
Даъватшавандагон, падару модарон, дигар ҷамъомадагонро аз номи раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода муовини раиси шаҳр Мурод Шукурзода бо оғози маъракаи даъвати баҳории хидмати ҳарбӣ – Рӯзи даъватшаванда, табрик гуфт.
Таъкид шуд, ки солҳои охир садҳо нафар ҷавонони шаҳри Панҷакент ба таври ихтиёрӣ, бо амри дил ва ифтихори баланди ватандӯстӣ ба комиссариати ҳарбии шаҳр муроҷиат намуда, омодагиашонро барои хидмати Ватан изҳор медоранд ва даъватшавандагони имрӯза аз ҷумлаи чунин ихтиёриёни ватандӯст мебошанд.
Аз номи ихтиёриён даъватшавандагон сухан карда, омодагӣ ва азму талошашонро барои хидмати содиқона, ҳифзи марзу буми кишвар баён намуданд.
Дар ҷамъомад ҳамчунин падару модарон ба наваскарон хидмати шоиста ва роҳи сафед орзу карданд.
Дар идома ба гурӯҳи даъватшавандагон - хатмкардагони мактаби Ташкилоти мададгори мудофиа, шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд.
Маросими анъанавии нони насиба, машқҳои варзишии низомӣ аз ҷониби сарбозони қисмҳои ҳарбӣ ва барномаи ҷолиби ҳунарии санъаткорони шаҳр бо шеъру сурудҳои ватандӯстона, рақсҳои ҷаззоб анҷомбахши маросими гусели гурӯҳи аввали даъватшавандагон ба хидмати Модар – Ватан буд.
Дар рӯзи нахустини даъвати баҳорӣ бо фотиҳаи волидон ва зери навои мусиқӣ гурӯҳи аввалин иборат аз 306 нафар ҷавонони шаҳри Панҷакент ба хидмати ҳарбӣ гусел карда шуданд,