Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

single-product

ДӮСТОН ОИНАИ ЯКДИГАРАНД

2025-04-07 15:44:20

Муносибатҳои гуногунҷабҳаи дӯстонаи Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба шарофати сиёсати пешгирифтаи роҳбарони кишварҳо - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон , муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба сатҳи комилан нав баромада, ҳоло чун намунаи равобити неки ҳамсоягӣ ва ҳалли масоили гуногун дар минтақа ва ҷаҳон баҳогузорӣ карда мешавад.
Инро тантанаҳои наврӯзӣ дар вилояти Суғд бо иштироки роҳбарони олии Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон, мулоқоти сарварони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳошияи Ҳамоиши Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Самарқанд бори дигар собит менамояд.
Дар ин замина раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода дар раъси як ҳайат ба шумули соҳибкорон, кишоварзон, саноатчиён аз ҳамсояноҳияҳои Тайлоқ, Ургут ва Ҷонбойи вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дидан намуда, бо таҷрибаи онҳо дар соҳаҳои гуногун, хоса кишоварзӣ ва саноат, ошно шуданд.
Дар ин сафар ҳайати шаҳри Панҷакентро ҳокими ноҳияи Тайлоқ Баҳодир Облоназаров, Ургут- Ботир Ҷабборов ва Ҷонбой- Хуршед Назаров роҳнамоӣ намуданд.
Зимни боздид аз ин ноҳияҳо ҳайати шаҳри Панҷакент бо таҷрибаи парвариши тамашк, истифодаи замин, бунёди гармхонаҳо, коргоҳҳои истеҳсоли шароб, маҳсулоти ширӣ ва гӯштӣ, боғҳои интенсивии себ, гелос, шафтолу дар майдонҳои васеъ, ки аз тариқи қатрагӣ обу ғизо дода мешаванд, ширкати “Боғбон”, ки ба сабзонидани навъҳои гуногуни интенсивии ниҳоли дарахтони мева ва ток аз ҳуҷайра машғул аст ва минтақаи озоди иқтисолии Ургут, ки соли 2017 дар масоҳати 1842 гектар таъсис ёфта, ҳоло онҷо дар даҳҳо коргоҳҳои истеҳсолӣ беш аз 5000 нафар ба шуғл фаро гирифта шудаанд, шинос гардиданд.
Дар ҷараёни боздид имкониятҳои роҳандозии ҳамкориҳо бо соҳибкорону кишоварзони шаҳри Панҷакент, омӯхтани таҷрибаи пешқадами тарафайн, ташкили корхонаҳои муштарак ва дигар ҷанбаҳои робитаҳои иқтисодӣ баррасӣ шуда, чунин боздидҳо барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи иқтисодӣ ва фарҳангӣ муфид арзёбӣ шуд.

single