Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > НАХУСТИН БОҒИ ТАМАШК БУНЁД МЕШАВАД
single-product

НАХУСТИН БОҒИ ТАМАШК БУНЁД МЕШАВАД

2025-04-07 17:38:46

Дар канори токзори навбунёди хавозавии деҳаи Ғӯсари Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ бо ибтикори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент нахустин боғи тамашк( малина) бунёд карда мешавад.
Дирӯз кишоварзон бо иштироки раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода ба шинонидани ниҳоли ин меваи буттагӣ дар 20 ҳисса замин шурӯъ намуданд.
Гуфта шуд, ки ниҳоли навъи интенсивии ин мева, ки аз тариқи хавоза парвариш карда мешавад, нисбат ба навъи маъмулӣ зудрас ва серҳосил буда, он дар ҳамкорӣ бо кишоварзони ноҳияи Тайлоқи вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дастрас карда шудааст.
Дар он ҷо аз ин навъи тамашк ҳосили фаровон мегиранд ва он дар бозор харидорони зиёд дорад. Зимнан, тамашк ба ҷуз хуштаъм буданаш хосияти давоӣ дошта, барои шамолзанӣ,коҳиши ҳарорати баланд, хуб намудани кори дилу рагҳо, тоза кардани рагҳои хунгард истифода мешавад ва аз он шарбату мураббо низ омода менамоянд.