
КАНАЛИ ФАРМЕТАН ВА СЕЛРОҲА ТОЗА КАРДА МЕШАВАД
2025-04-08 16:37:09
Бо ҷалби техникаи Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ҳавзаи дарёи Зарафшон ва саҳмгузорию иштироки сокинони деҳаи Чорбоғи Ҷамоати деҳоти Косатарош маҷрои канали Фарметан дар ҳудуди деҳа тоза ва соҳилҳои селроҳаи байни деҳа мустаҳкам карда мешавад.
Дар ҷараёни боздид аз Ҷамоати деҳоти Косатарош раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ин иқдомро муҳим арзёюбӣ намуда, ба масъулон ва ташаббускорон барои дар мӯҳлати кӯтоҳ анҷом додани ин корҳо дастур дода шуд.