
БА КӮДАКОНИ МАЪЮБ АРОБАЧА ТАҚДИМ КАРДА ШУД
2025-04-10 12:34:49
Аз ин пас сӣ нафар наврасону кӯдакони маъюби шаҳри Панҷакент, ки аз пои равон маҳруманд, метавонанд, ба сайру гашт бароянд.
Бо дастгирию мусоидати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ташкилоти чамьиятии "Нури умед" дар доираи лоиҳаи "Масьулияти бештар, зарфияти беҳтар, дигаргуниҳои амиқтар, дастгирии созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ барои рушди ҷомеьаи фарогир дар Тоҷикистон", ки аз чониби Иттиҳоди Аврупо маблаггузорӣ мешавад, ба 30 нафар наврасон ва кӯдакони имконияташон маҳдуди деҳаҳои ҳадафии лоиҳа аробачаҳои маьюбӣ тақдим намуд.
Дар маросими тақдими арабачаҳои маъюбӣ, ки дар тарабхонаи “Диловара”-и шаҳр бо баргузории маҳфили ҷолибе доир шуд, волидони кӯдакони маъюб ва худи онҳо аз ин иқдом изҳори сипос ва қаноатмандӣ намуданд.